Ифтитоҳи марказҳои бонкӣ

№ 27.01.2025

Бо мақсади мутобиқсозии низоми бонкдорӣ ба шароити муосир, беҳдошти сатҳи хизматрасонии бонкӣ, амонатгузорӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ Ташкилоти қарзии хурди «Рушди Кӯҳистон» дар ноҳияҳои Ванҷу Рӯшон ва Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон марказҳои нави хизматрасонӣ кушод.

Дар маросими ифтитоҳи марказҳо роҳбарияти ноҳияҳо инчунин, мудири шуъбаи минтақавии Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят ва сокинон иштирок карда, масъулин амалӣ шудани ин иқдомро осон намудани мушкили аҳолии осоишта дар маҳал ва баланд бардоштани хизматрасонии бонкӣ арзёбӣ намуданд.

Зикр гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти охир бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон изҳор намуда буданд, ки “давоми солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби низоми бонкии кишвар ба соҳибкорон ва аҳолии ВМКБ беш аз 2,2 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки ду миллиард сомонии он қарзҳои хурд мебошанд”.

Дар ин замина, сокинон барои беҳтар намудани шароити зидагии худ ва пайвандону фарзандон ташаббусҳои зиёдро зери даст гирифта, дар корҳои созандагию бунёдкорӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

Тибқи маълумоти масъулини ташкилот баъди ифтитоҳи марказҳо дар ноҳияҳои болозикр, аллакай, 9 нафар сокинро дар маҳали зисташон бо ҷойи кори доимӣ таъмин намуда, ваъда доданд, ки солҳои оянда теъдоди кормандон зиёдтар хоҳад гашт.

М. ИМОМНАЗАР.

 »Садои мардум»