Соли 2024 шумораи хизматчиёни давлатии амалкунанда 18 ҳазору 801 нафар будааст, ки синни миёнаи онҳо 36,6 солро ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии 5955 нафар ишғолкунандагони мансабҳои роҳбарикунанда 1146 нафарашон занон мебошанд.
Дар ин бора директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Илёс Идрисзода 28-уми январи соли 2025 дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
- Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ бо ҷониби Корея лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея ва Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, дар ин самт мувофиқаи корҳо идома дорад. Дар мавриди ба имзо расидани ин ёддошт меъёрҳо вобаста ба таҳсили хизматчиёни давлатӣ, ташкили семинарҳо, омӯзишҳо ва дигар самтҳое, ки ба хизмати давлатӣ дахл доранд, ба назар гирифта мешаванд, — зикр кард И. Идрисзода. — Мо кӯшиш мекунем, ки шумораи омӯзишҳоро бештар намуда, дар даврҳои омӯзишӣ таҷрибаи дигар давлатҳоро омӯзем. Иштироки хизматчиёни давлатӣ дар ин даврҳо бояд зиёд бошад, зеро омӯзиши таҷрибаи дигар давлатҳо дар дилхоҳ самт ба манфиат ва пешрафти кори мо аст.
Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,
«Садои мардум»