Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар робита ба эълон шудани «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» дар ояндаи наздик 10 ихтисоси нав таъсис медиҳад.
Ин нуктаро 28-январи соли 2025 ректори ДМТ Эмомалӣ Насриддинзода зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд.
Номбурда афзуд, ки яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи илму маорифи кишвар дар замони муосир мусоидат намудан ба зиёд шудани шумораи олимону муҳаққиқони дорои дараҷа ва унвонҳои илмӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади зиёд намудани теъдоди олимон тадбирҳои таъхирнопазир меандешад.
Гулбаҳор РАҲМОНОВА,
« Садои мардум»