Дар шаҳри Бохтар маркази машваратӣ ва аввалин ташхисгоҳи кишоварзии ҷумҳурӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Иншооти мазкур бо дастгирии шарикони рушд ва лоиҳаи «Озуқаворӣ ба хотири оянда»-и ташкилоти USAID дар ҳамкорӣ бо ҶДММ «Агро Олам» бунёд гардида, феълан дар он чор мутахассис бо ҷои кор таъмин гаштанд.
Марказ бо харҷи 125 ҳазор доллари амрикоӣ сохта шуда, аз панҷ бахш, ҳуҷраҳои мушовирон, қабули номаҳо, ташхисгоҳҳои касалиҳои растаниҳо, хоку об ва толори омӯзишу маҷлисгоҳ иборат мебошад.
Он бо таҷҳизоти муосири рақамӣ муҷаҳҳаз буда, барои баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳои кишоварзӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар маросими ифтитоҳи иншоот раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири кишоварзии мамлакат Қурбон Ҳакимзода ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуда, ба масъулин дастур доданд, ки аз имконияти фароҳамоварда самаранок истифода карда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзанда гузоранд.
С. СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»