Ҳифзи ҳуқуқи инсон дар меҳвари Паём

№15 (4911) 31.01.2025

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба арзиши олӣ эътироф шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон пайваста таъкид менамоянд ва баҳри эътироф, риоя ва ҳифзи онҳо аз ҷониби ҳар як шахс, мақомоти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи мамлакат дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.

Аз ҷумла, Сарвари давлат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ 30-юми апрели соли 2004 таъкид ба амал оварданд, ки: «Маҳдуд намудани ҷазои қатл амали хеле назаррас аст, аммо нисбат ба ҳаёти инсон бояд муносибати башардӯстона сурат гирад. Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ ва дахлнопазир буда, дар миёни онҳо ҳуқуқ ба ҳаёт мавқеи хоса дорад. Воқеан ҳаққи ҳаёт арзиши табиӣ буда, ҳеҷ кас ҳақ надорад касеро аз ин ҳуқуқ маҳрум созад». Аз ин лиҳоз, Президенти мамлакат дар ҳамин Паём зарур донистанд, ки ба татбиқи ҷазои қатл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моратория эълон карда шавад.

Ҷиҳати иҷрои талаботи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 30-юми апрели соли 2004 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боздоштани татбиқи ҷазои қатл» мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Конститутсия аз ҷониби парламент қабул ва ҷонибдорӣ шуда, 15-уми июли соли 2004 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гардид. Мутобиқи моддаи 1-уми қонуни мазкур татбиқи ҷазо дар шакли ҷазои қатл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани ҷиноятҳое, ки дар моддаҳои 104 қисми 2, 138 қисми 3, 179 қисми 3, 398 ва 399 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муқаррар шудаанд, боздошта шуд ва дар давраи боздоштани татбиқи ҷазои қатл ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати бисту панҷ сол муайян гардид.

Сарвари давлат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ аз 26-уми апрели соли 2013 бори дигар ба масъалаи ҳукми қатл таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, иброз доштанд, ки: «Воқеан, ҳаёти инсон асоси ҳастӣ ва неъмати бебаҳо буда, маҳрум кардан аз он маънии қатъ гардидани мавҷудияти фард, шахсият ва узви ҷомеаро дорад. Дар тамаддуни инсонӣ аз ҷониби давлат татбиқ накардани ҷазои қатл, пеш аз ҳама, чун нишонаи башардӯстӣ, шафқат ва пешравии ҷамъият эътироф карда мешавад».

Роҳбари давлат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ аз 30-юми апрели соли 2007 бо мақсади пурзӯр намудани фаъолият ва густариши минбаъдаи раванди демок­ратикунонии ҷомеа, инчунин, баланд бардоштани сатҳи ҳимояи ҳуқуқи инсон дар мамлакат масъалаи таъсис додани институти миллии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро ба миён гузоштанд ва зарур донистанд, ки барои таъсиси он тадбирҳои ташкилию ҳуқуқӣ андешида шаванд. Дар робита ба ин, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ 25-уми апрели соли 2008 махсус зикр намуданд: «Бо мақсади такмили минбаъдаи механизми ҳифзи ҳуқуқи инсон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон» қабул гардид, ки он заминаҳои ҳуқуқии таъсиси мақоми махсусро дар баланд бардоштани сатҳи ҳимояи ҳуқуқи инсон таъмин мекунад. Ин сохтор бояд ҳамкории ҳамаҷонибаи худро, пеш аз ҳама, бо институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар ташкилоту мақомот ба роҳ монад».

Ҳамин тариқ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тибқи тартиби муқаррарнамудаи Конститутсия аз тарафи парламент қабулу ҷонибдорӣ шуда, 20-уми марти соли 2008 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расида, бо мақсади тақвияти кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мусоидат ба риояю эҳтироми онҳо аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат) ва шахсони мансабдори онҳо, роҳбарон, шахсони мансабдори корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, соли 2009 мақоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Мувофиқи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳангоми амалӣ намудани ваколатҳои худ мустақил буда, ба ягон мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат) ва шахсони мансабдор ҳисоботдиҳанда нест.

Дар асоси моддаи 11 қонуни мазкур вазифаҳои асосии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мусоидат намудан ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои вайроншудаи инсон ва шаҳрванд, таъмини баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз, такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон оид ба ҳуқуқу oзoдиҳoи инсон ва шаҳрванд, шаклҳо ва воситаҳои ҳифзи онҳо, инчунин салоҳияти дигаре мебошад, ки боби 3 қонуни зикргардида муқаррар намудааст.

Президенти мамлакат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ 23-юми январи соли 2015 мавҷудияти ниҳоди махсус вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдакро дар кишвар муҳим арзёбӣ карда, пешниҳод намуданд, ки бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Дар натиҷа, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» боби 51 (муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон) илова ворид гардид. Боби мазкур аз 7 модда иборат буда, дар он таъсиси вазифа, талабот нисбат ба номзад, тартиби ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардан, ба вазифа шурӯъ намудан, муҳлати ваколат ва дахлнопазирӣ, маҳдудиятҳо барои ишғоли вазифа, салоҳият, фаъолият ва кафолатҳои моддию иҷтимоии муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, маърӯзаҳои ҳарсола ва махсуси ӯ муқаррар карда шуданд.

Ба ҳамин тартиб, дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23-юми январи соли 2015 бо мақсади эҳтиром, риоя ва ҳифз, ҳуқуқу озодиҳои кӯдак соли 2016 институти нав – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Салоҳият, фаъолият ва кафолатҳои моддию иҷтимоии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак амалӣ карда мешавад. Чунончӣ, мусоидат намудан ба риояи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои вайроншудаи он, такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқҳои кӯдак, баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон оид ба ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, ҳамкории мақомоти ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ва рушду ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт аз ҷумлаи вазифаҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак мебошанд.

«Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми июли соли 2022 тасдиқ гардид. Дар банди 61 нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати амалӣ намудани стратегияи мазкур масъалаи таъсис додани омбудсмени молиявӣ, яъне Ваколатдор оид ба ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон пешбинӣ гардида буд.

Бинобар ин, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми октябри соли 2022 мансаби муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ҷиҳати тақвият бахшидан ба фаъолияти ниҳоди нав Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муваззаф гардид, ки дар муҳлати муқарраршуда ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид намояд. Дар ин замина, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» таҳия гардид, ки таъсиси мансаби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон маҳз аз Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» сарчашма мегирад.

Ҳамин тавр, нақши паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳамчун падидаи нави замони соҳибистиқлолӣ дар эҳтирому эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд хеле бузург мебошанд. Сарвари давлат дар ҳар як Паёмашон дар хусуси эҳтироми меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба арзиши олӣ будани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, татбиқи пайваста ва пайгиронаи онҳо махсус таъкид менамоянд ва ҷиҳати эҳтиром ва риояву ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.

 Фирӯз САЙНОЗИМЗОДА,

сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон,

номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ