Баррасии ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо

№15 (4911) 31.01.2025

30-юми январи соли 2025 мулоқоти аъзои Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия бо хонум Данка Ковалова, Римантас  Вичкас ва Абдуҷаббор Зарифӣ — коршиносони лоиҳаи «Кумаки Иттиҳоди Аврупо дар ислоҳоти идоракунии молияи давлатӣ ва баланд бардоштани малакаҳо барои шуғл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» вобаста ба масъалаҳои пешниҳод ва баррасии қонуни буҷет, татбиқи раванди  буҷетикунонии барномавӣ баргузор гардид. 

Ҷонибҳо, инчунин, масъалаҳои густариши робитаҳо дар доираи ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштаакро  баррасӣ намуданд.

Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МН МО ҶТ