Якуми феврали соли равон дар Боғи фарҳангию фароғатии Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе базми Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор шуд, ки бо шукӯҳу шаҳомат ва риояи расму оин камназир ва ифтихорофарин буд.
Бо назардошти ин ҷиҳат ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода зимни сухани табрикӣ иброз дошт: «Бо шарофати истиқлоли давлатӣ ва ташаббусу талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳуриамон суннатҳо ва ҷашнҳои миллӣ эҳё гардиданд. Имрӯз мо, тоҷикон, миллати хушбахту сарбаландем, ки имкони дубора эҳё кардани ҷашнҳои бостониамонро пайдо кардем ва барои ба наслҳои оянда мерос гузоштани онҳо талош дорем. Имрӯз мо ҷашни Садаро, ки дар қатори дигар ҷашнҳои ниёгонамон, ба монанди Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон, ҳамеша инъикоскунандаи анъанаҳои ориёитаборон буда, дар онҳо расму оини қадимаи гузаштагонамон баён гардидааст ва барои нигоҳ доштани хотираи таърихию дигар анъанаҳои суннатии мо дар ҳаёт нақши босазо доранд, ҷашн мегирем».
Иброз гардид, ки Сада аз сипарӣ шудани зимистон, наздик омадани баҳор ва оғози корҳои кишоварзон мужда медиҳад. Ҳамин ки айёми сардиҳо поён меёбад, замин аз борони найсон ва барфу об нашъа мегирад.
Дар ин рӯз фазои боғ идона ва боз ҳам зебову диданӣ буд, дар ҳар гӯшаи он кишоварзон аз минтақаҳои гуногуни мамлакат маҳсули бо ранҷ парваридаи худро, инчунин, асбоби корӣ, тухмии зироат, техникаҳои соҳавӣ, хӯрокҳои миллӣ, ниҳолҳои мевадиҳандаю ҳамешасабз, гулу буттаҳои ороишӣ ва дигар маҳсулотеро, ки ифодагари ҷашни Сада мебошанд, ба намоиш гузоштанд.
Иштирокчиён, бахусус меҳмонону сайёҳони хориҷӣ, дар намоишгоҳ навъҳои тухмии зироати кишоварзӣ ва техникаҳои соҳавӣ, гулу буттаҳо, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ, анвои меваҳои хушк, шириниҳо ва дигар маҳсулоти ифодагари ҷашни Садаро тамошо намуданд. Онҳо бо тарзи тайёр намудани таомҳои миллӣ, шириниҳои аз меваҳои гуногун омодашуда ва маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик аз наздик шинос шуда, бошавқ онҳоро аксу наворбардорӣ менамуданд, гирди гулхани афрӯхта рақсида, шодмонӣ мекарданд.
Анъанаи ҷашни Сада афрӯхтани оташ аст. Ин анъана то имрӯз аз ҷониби мардум ҳифз ва амалӣ мешавад. Дар ин рӯз низ дар даромадгоҳи боғ рамзи оташ гузошта шуда буд. Инчунин, аз ҷониби кишоварзони шаҳру ноҳияҳо гулхан ороста, сокинон дар гирди он шодмонӣ мекарданд.
Дар ҳар гӯшаи боғ аз ҷониби боғпарварони мамлакат навъҳои гуногуни ниҳолҳои ороишӣ, мевадиҳанда, ҳамешасабз ва гулу буттаҳо пешниҳод гардиданд. Сокинон аз ин ҷашнгоҳ бо нархҳои дастрас ниҳол харидорӣ менамуданд. Инчунин, олимони соҳаи боғпарварӣ тарзи шинонидан, парвариш ва дигар корҳои агротехникии онро ба сокинон мефаҳмониданд. Гуфта шуд, ки ниҳолшинонӣ яке аз анъанаҳои ҷашни Сада ба шумор меравад.
Дар ин рӯз кишоварзони шаҳру ноҳияҳои мамлакат навъҳои гуногуни тухмии зироатро, ки хоси ҳар минтақа мебошанд, ба маъраз гузоштанд. Аз ҷониби Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон низ навъҳои тухмии ихтироънамудаи олимони мамлакат пешниҳод шуд. Дар баробари пешниҳоди навъҳои тухмӣ дастури кишт ва парвариши он низ дастраси тамошобинон буд.
Дар ҷашнгоҳи Сада аз ҷониби кишоварзон дастархони идона ороста шуд, ки дар он тибқи оини аҷдодӣ бештар донагиҳо (гандум, лӯбиё, нахӯд, наск, мош, арзан ва ғайра), инчунин, хӯрокҳои хушлаззат — мошкичирӣ, лӯбиёю нахӯдшӯрак, кашк, далда, каллапоча, ширбиринҷ, ширкаду, ширрӯған, қурутоб, фатирмаска, дӯғҷӯшӣ, умоч, шӯрбо ва ғайра пешкаши меҳмонон гардонида шуд.
Хони ҷашнӣ бо чапотӣ, кулча, фатир, қалама, орзуқ, себ, тарбузу ангур зебу зинат ёфта буд.
Дар ҷашни Сада дар радифи намоиши ниҳолу зироати кишоварзӣ, ҳамчунин, ҳунарҳои мардумӣ ва дигар маҳсулоте, ки ифодагари ин ҷашн аст, дар гӯшаи имконияти сайёҳии мамлакат пешниҳоди иштирокдорон гардид.
Дар гӯшаи намоиши маҳорати ҳунармандӣ, рӯнамои сайёҳии кишоварзӣ, кулолгарӣ, заргарӣ, малакаи сайёҳӣ, викторина барои тамошобинон, намоиши автомобилҳои сайёҳӣ, милитсияи сайёҳӣ, велосипедҳо, имконияти сайёҳии кӯҳнавардию лижатозӣ ва кемпинги сайёҳӣ аз хаймаҳо пешкаши дӯстдорони сайру саёҳат шуда, маводи иттилоотии сайёҳӣ бо забонҳои тоҷикию русӣ ва англисӣ ба меҳмонон ва дӯстдорони сайру саёҳат тақдим гардид.
Дар фарҷоми чорабинӣ як гурӯҳ кишоварзони фаъол бо диплому ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Ш. Ҳусейнзода,
«Садои мардум»