Аз нишастҳои матбуотӣ

ДДТТ ба даҳгонаи беҳтарин шомил аст

№19 (4915) 10.02.2025

5- Мувофиқи раддабандии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ солҳои охир дар даҳгонаи беҳтарин муассисаҳои олии кишвар қарор дорад, — гуфт ректори донишгоҳ Хайрулло Назарзода зимни нишасти матбуотӣ.

Ӯ яке аз омилҳои муҳими баланд бардош­тани сифати таҳсилро дар омӯзиши таҷрибаи кишварҳои пешрафта ва ҷалби ҳайати профессорону омӯзгорони соҳибтаҷрибаи сатҳи ҷаҳонӣ барои гузаронидани машғулият ва семинару ҳамоиш дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ арзёбӣ намуд. «Дар робита ба баланд бардоштани таҷрибаи устодон аллакай табодули онҳо бо 4 муассисаи таҳсилоти олии хориҷи мамлакат оғоз гардид», — афзуд Х. Назарзода.

Зикр гардид, ки донишгоҳ соли 2024 бо донишгоҳҳои ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Россия, Руминия, Испания, Кореяи Ҷанубӣ, Туркия, Чин ва дигар донишгоҳҳо дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ табодули академӣ намуд.

Соли 2024 дар донишгоҳ ба хотири баланд бардоштани сатҳи ҷаҳонбинӣ ва забономӯзии омӯзгорону донишҷӯён ба тариқи онлайнӣ ҳафт даври омӯзишӣ доир шудааст.

Ф. АБДУЛҲАКИМОВА,

«Садои мардум»