Аз нишастҳои матбуотӣ

ДДОТ. 19 хатмкарда маблағи таҳсилро баргардонданд

№19 (4915) 10.02.2025

6Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки соли 2024 шумораи донишҷӯён 16469 нафарро ташкил дода, 6352 нафар дар шуъбаи рӯзона, 10117 нафар дар шуъбаи ғоибона ва таҳсилоти фосилавӣ ба таҳсил фаро гирифта шуданд. 643 нафар тариқи Квотаи президентӣ таҳсил менамоянд.

Зикр шуд, ки оид ба тақсимот ва ба ҷойи кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавони равияҳои омӯзгорӣ дар соли сипаришуда 447 нафар хатмкунандагони буҷетии шуъбаи рӯзона тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти омӯзгорӣ сафарбар шуданд. Аз шумораи умумии сафарбаршудагон 60 нафар бо сабабҳои гуногун ба ҷои кор ҳозир нагардиданд, ки 19 нафари онҳо 272460 сомонӣ маблағи таҳсилро ба буҷети давлат баргардониданд

Айни ҳол дар донишгоҳ 1642 нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз Турк­манистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Покистон, Афғонистон, Чин ва Олмон дар зинаҳои гуногун ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

М. СОЛИҲЗОДА,

«Садои мардум»