Аз нишастҳои матбуотӣ

95 муассисаи томактабӣ бунёд гардид

№19 (4915) 10.02.2025

4Соли 2024 дар ҷумҳурӣ 428 ҷамоати шаҳраку деҳот ва 5931 кумитаи маҳалла ба қайд гирифта шудааст. Аз 428 раиси ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 407 нафарашон маълумоти олӣ дошта, 52 нафар то синни 35-сола ва 357 нафар то синни 63-сола мебошанд. Ин хабарро раиси Кумитаи рушди маҳал Шарифҷон Ҷумъазода зимни нишасти матбуотӣ расонд.

- Кумита тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 17-уми январи соли 2020 таҳти №АП-1325 оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2019 зикр гардиданд, барои дар давоми 10 сол дар ҳар деҳа ва маҳали аҳолинишине, ки аз 100 хоҷагӣ зиёд доранд, бунёд кардани муассисаи томактабӣ, толор ва майдончаи варзишро барои иҷро ба роҳбарӣ гирифта, дар давоми чор соли охир рафти иҷрои онро мавриди таҳлил қарор дод. То 1-уми декабри соли 2024 дар ҷумҳурӣ 95 муассисаи томактабӣ, 312 толор ва 812 майдончаи варзиш бунёд гардидааст, — зикр кард номбурда.

М. ЗОКИР,

«Садои мардум»