Аз нишастҳои матбуотӣ

Нашри 120 номгӯй китобҳои дарсӣ

№19 (4915) 10.02.2025

2Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон нашри 120 номгӯйи китобҳои дарсӣ бо теъдоди 9 миллиону 154 ҳазор нусха ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода иттилоъ дод.

- Дар заминаи дастури Сарвари давлат бо мақсади таҷдиди минбаъдаи барномаю китобҳои дарсӣ консепсияҳои таълифи китобҳои дарсӣ аз фанҳои таърихи халқи тоҷик ва адабиёти тоҷик таҳия гардида, барои мувофиқа ба вазорату идораҳо пешниҳод шудааст.

Соли 2024 ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 5 миллиону 14 ҳазору 464 нусха китоби дарсӣ, бадеӣ ва маводи таълимӣ дастрас гардид. Аз ин теъдод 4 миллиону 617 ҳазору 946 нусхааш танҳо китоби дарсӣ буда, нисбат ба соли 2023-юм 117 ҳазору 965 нусха зиёд аст,- афзуд Раҳим Саидзода.

Г. РАҲМОНОВА,

«Садои мардум»