Соли 2024 ҳаҷми истеҳcоли маҳсулоти саноатӣ ба 53,8 миллиард сомонӣ расидааст, ки нисбат ба соли 2023-юм 20 дарсад ё 7,5 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Ин нуктаро вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир дар нишасти матбуотӣ зикр кард.
Бино ба гуфти ӯ, аз ҳаҷми умумии маҳсулот 56,3 дарсад ба саноати коркард, 24,8 — истихроҷ, 18,3 — таъмини неруи барқ, газ, буғ, тозакунии ҳаво ва 0,6 дарсад ба соҳаи таъмини об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва коркарди дуюмдараҷа рост меояд.
Иттилоъ гирифтем, ки то якуми январи соли равон дар кишвар 3774 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2023-юм 330 корхона зиёд мебошад. Аз ҳисоби корхонаҳои нав дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 134,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст. Ҳамчунин, 74 корхонаи аз фаъолият бозмонда мавҷуданд, ки нисбат ба аввали соли 2024-ум 50 корхона кам аст.
Зикр шуд, ки соли гузашта барои истеҳсоли маҳсулоти нав, ташкили истеҳсолот, воридоти таҷҳизоти технологӣ ва васеъгардонии фондҳои истеҳсолӣ дар соҳа 9 миллиарду 491,9 миллион сомонӣ маблағҳои дохилии корхонаҳо ва сармоягузорони хориҷӣ равона гардиданд, ки дар қиёс ба соли 2023-юм 1 миллиарду 621 миллион сомонӣ зиёд аст.
Ш. АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»