Вобаста ба интихоботи вакилони халқ вохӯрӣ баргузор гардид

№ 06.02.2025

 Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид. Дар он муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Қодирзода зикр кард, ки вохӯрии имрӯза дар доираи нақшаи корҳои тарғиботию иттилоотӣ дар вазорату идораҳо оид ба интихоботи Маҷлиси Олӣ баргузор мегардад.

Кормандони вазорат даъват шуданд, ки бо иштироки фаъолонаи худ барои дар сатҳи баланд баргузор гардидани интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм гузоранд.

Доир ба омодагӣ ба интихоботи вакилони халқ ва асосҳои қонунгузории мамлакат дар бораи интихобот байни кормандон саволу ҷавоб доир шуд. 

Ф. АБДУЛҲАКИМОВА,

«Садои мардум»