Имсол ҳам Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда мешавад, мақоми 4-умро нигоҳ дошт. Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ Ҳакимбек Абдуалимзода иброз дошт.
Ба иттилои ӯ, соли 2024-ум 11 нафар устодони хориҷӣ тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ аз Украина, Полша, Қазоқистон ва Чин ба донишҷӯёни донишгоҳ лексия хонда, 34 омӯзгори донишгоҳ дар чорабиниҳои байналмилалӣ, форумҳо, семинарҳо ва курсҳои такмили ихтисос иштирок намудаанд.
- Дар нимаи аввали соли 2024-ум 52 нафар устодон бо хонаҳои 1 ва 2-ҳуҷрагӣ таъмин гардиданд, — афзуд Ҳ. Абдуалимзода.
М. СОЛИҲЗОДА,
«Садои мардум»