- То Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон беморхонаи бисёрсоҳавии бемориҳои қалб бунёд мегардад, — хабар дод сардори раёсати тандурустии вилояти Хатлон Иброҳим Мӯсозода зимни нишасти матбуотӣ.
Зикр намуд, ки иншоот аз панҷ ошёна иборат буда, аз ҳисоби маблағҳои буҷети вилоят бунёд мегардад.
Соли ҷорӣ барои оғози корҳои сохтмонӣ 5 млн. сомонӣ ҷудо гардида, корҳои лоиҳакашию ҳуҷҷатгузорӣ ба анҷом расидааст. Иншооти нав бисёрсоҳавӣ буда, дар он беморхонаи бемориҳои дил ва маркази эндокринологии вилоят низ ҷойгир карда мешаванд.
- Феълан дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон маркази бемориҳои дил дар таҳхонаи як бино фаъолият карда, шароити бистарикунонии беморонро надорад. Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани муассисаи нав беморони қалб дар беҳтарин шароит ба табобат фаро гирифта мешаванд. — гуфт И. Мӯсозода.
С. СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»