Аз нишастҳои матбуотӣ

Натиҷаи сабзиши ниҳолҳо — 70%

№21 (4917) 14.02.2025

DSC_7193Соли 2024 аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои сохтори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои бунёду барқароркунии ҷангалзор ва плантатсияҳо дар 3239 гектар, аз ҷумла бунёди ҷангал 1067, 2 гектар, барқароркунӣ — 1860,4, бунёди плантатсияҳои хуч, писта, чормағз ва дигар намуди дарахтон майдони 311, 6 гектар анҷом дода шудааст.

Дар ин хусус Давлаталӣ Шарифзода, муовини директори агентӣ, зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Изҳор гардид, ки дар ин давра зиёда аз 180 гектар ба гурӯҳи заминҳои ҷангалпӯш гузаронида шуд.

- Натиҷаи баҳисобгирии тирамоҳии сабзиши ниҳолҳо дар майдонҳои бунёд ва барқароркунии ҷангал дар соли 2024 ба ҳисоби миёна 70 фоизро ташкил дод,- гуфт Давлаталӣ Шарифзода.

Г. РАҲМОНОВА,

«Садои мардум»