Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки соли сипаригардида дар натиҷаи ҷустуҷӯи умумии сангҳои қиматбаҳо ва зинатдиҳанда дар қаторкӯҳҳои Шоҳдара ва Ишкошим зуҳуроти нави турмалини Бағуш ва корунд (шакли булӯрини оксиди алюминий)-и Бағуш кашф шуд. Пас аз омӯзиш ва ташхиси маҳакҳо муайян гардид, ки сифати ашёи мазкур ҷавобгӯи стандартҳои соҳавӣ буда, маводи хуби ҷавҳарӣ ва коллексионӣ мебошанд.
- Соли 2024 чанд нуқтаи минералии сангҳои худҷило, ба монанди сапфир (ёқути кабуд), турмалин, ёқут, лаъли кабуд, форстерит ва офикалсит кашф шуд. Захираи офикалсит дар зуҳуроти Бағуш ба ҳисоби миёна аз рӯи категорияи Р1 дар ҳаҷми 1200 метри кубӣ ё 3120 кило пешгӯӣ гардид, — иброз намуд Илҳомҷон Оймуҳаммадзода.
Инчунин, дар натиҷаи гузаронидани корҳои ҷустуҷӯю арзёбӣ дар зуҳуроти сурбу руҳи «Санги сабз» (ноҳияи Балҷувон) дурнамои маъдани сурбу руҳ дар вазни зиёда аз 1 миллион тонна ва нуқра зиёда аз 3 тонна ошкор шуд.
С. СУННАТӢ,
«Садои мардум»