Ба истиқболи ҷашни 3000-солагии Ҳисор

Бозёфтҳо бозгӯйи таърихи куҳан мебошанд

№147 (3293) 09.12.2014

Деҳаи Бӯстон (собиқ Ҷангалак) дар  қисмати ҷанубии ноҳияи Ҳисор воқеъ гардида,  дар он зиёда аз 100  хоҷагӣ истиқомат менамоянд. Аҳли деҳа борҳо аз майдони киштзор ҳар гуна олоти қадима, зарфҳои кулолгарӣ, кӯзаву обдаста, пораҳои лаъливу табақҳо пайдо намуда, ба Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» месупоранд. Кормандон – мутахассисони мамнуъгоҳ бозёфтҳоро ба қайд гирифта, давраҳои таърихии онро муайян менамоянд.  Суҳбати мо бо директори муассисаи фавқуззикр Зикрулло Ҷобиров фарогири ин мавзӯъ аст.

- Бозёфтҳои нодире, ки аз ин деҳа дарёфт шудааст, чанд пораи тобути сафолин мебошад. Он соли 2005, ҳангоми кандани қабр дар оромгоҳи деҳа, пайдо  гардида буд. Ҳоло ин пораҳо дар осорхонаи мамнуъгоҳ ҷой дода шудааст.

Соли 2009 оилаи Абдуллоевҳо аз пояи кӯҳ барои сохтани хона хок гирифта, хишт мерехтанд. Ҳангоми бо булдозер кандани хок ғори сунъӣ кушода мешавад ва онҳо ба кормандони мамнуъгоҳ аз ин воқеа хабар  медиҳанд. Гурӯҳи кормандони мамнуъгоҳ барои муайян намудан аз он дидан намуданд. Маълум гардид, ки ғори сунъӣ дар зери кӯҳ сохта шуда, даромадгоҳаш аз тарафи ғарби он ҷойгир буда, паҳноиаш 4,5 метр, баландиаш  2,4-2,5 метр ва дарозиаш 33 метр мебошад. Дар охири ғор суфаи баланду на чандон васеъ ҷойгир аст, ки он барои гузоштани ҷиҳоз истифода мешуд. Девори ғор хеле ҳамвор буда, шифти он аркмонанд сохта шудааст. Қисме аз девори ғор хароб шудааст. Тахмин кардан мумкин аст, ки фарши ғор бо гаҷ рӯпӯш  шуда, шояд якчанд маротиба тармим гардида бошад.

Бино ба гуфти сокини деҳаи Бӯстон  Лутфулло  Абдуллоев,  ҳангоми  кандани хок аз ғор хокистару пораҳои зарфҳои сафолин ёфт шудааст.Пас саволе ба миён меояд, ки ин ғорҳо кай сохта шудаанд ва бо кадом мақсад истифода мешуданд?

Чунин ғорҳои сунъиро гурезгоҳ ё худ паноҳгоҳ мегуфтанд. Гурезгоҳҳоро на чандон дур аз шаҳракҳои қадима дар баландии адирҳо месохтанд ва кӯшиш мекарданд, ки даромадгоҳи он барои бегонагон номаълум бошад. Чунин ғорҳои  гурезгоҳ пеш аз ҳама, барои муҳофизати занону кӯдакон ва пиронсолон пешбинӣ шуда, дар ҳудуди шаҳри  Ваҳдат, ноҳияи Ёвон ва мавзеи  Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ низ ёфт шудаанд.  Гурезгоҳи аз шаҳри  Ваҳдат ва Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ  ёфтшуда нисбатан хурд мебошанд.

Ҳамчунин сокинони деҳаи Шоли  ноҳияи Ҳисор Ашӯралӣ Салимов ва Ҳайиталӣ Сангинов дар натиҷаи корҳои заминӣ аз теппаи болои деҳа зиёда аз ҳафтод дона нигораҳои фулузӣ дарёфт карданд, ки  ин бозёфтҳо зери хок дар ҳолати ниҳоят хуб ҳифз шудаанд. Нигораҳои дарёфтшуда бо катибаҳои хати куфӣ, нақшҳои шикори ҳайвонҳои дарранда оро дода шудаанд. Қолаби ин нақшҳо низ аз деҳаи мазкур дарёфт шуд. Ин бозёфтҳо ба асрҳои X-XII тааллуқ дошта, ҳоло бо номи «Хазинаи деҳаи Шол» дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  нигаҳдорӣ мешаванд. Соли 2012 аз теппаи Тӯпхона дар натиҷаи кофтуковҳои ҳафриётӣ мадфунгоҳе ёфт шуд, ки аз се ҳуҷра иборат буда, дар ҳуҷраи қисмати шарқӣ се ҷасад, дар ҳуҷраи қисмати ғарбӣ панҷ ҷасад ва дар қабати дуюм  дар ҳуҷраи хурде  як ҷасад ба хок супорида шуда буд. Ин мадфунгоҳ аз санг ва гаҷ  сохта шудааст. Бостоншиносон аз  ҷиҳати сохти меъморӣ ва бозёфтҳои мазкур ин мақбараро ба давраи юнону бохтариҳо мутааллиқ  медонанд.

Чоруми сентябри соли 2014 ҳангоми тоза намудани чашмаи «Аскархона» аз дохили он сарсутун (капител)-е ёфт шуд, ки ҳаҷми он дар муқоиса бо сарсутунҳои қаблан ёфтшуда бузургтар аст. Ин сарсутун бо ороишоти шабеҳи гули  лола  кандакорӣ шуда, ба давраи Юнону Бохтар тааллуқ  дорад.

Умед дорем, ки рӯзҳои наздик дар натиҷаи омӯзиш дар ин ҷо бино ё маъбаде, ки 2300  сол пеш арзи ҳастӣ дошт, ошкор карда мешавад.

Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»