Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олӣ ва фаротар аз он — ба тамоми мардуми шарифи кишвари азизамон муҳимтарин ҳуҷҷатест, ки дар он бо такя ба санаду далелҳои муътамад соли сипаригардида ва барномаи амалкарди оянда бо фарогирии тамоми самтҳои муҳими давлатдорӣ дар ҷаҳони пуртазоди имрӯз бозтоби худро ёфтааст.
Бо назардошти вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯз дар Паём ҷанбаи ояндабинӣ яке аз масъалаҳои умда ва меҳварӣ ба ҳисоб меравад. Ин дар худ ҳикмат дорад. Тавре дар Паём ишора гардид, дар минтақаҳои гуногуни олам низоъу мухолифат шиддат гирифта, доираи фарогирии онҳо торафт густардатар мешавад. Илова ба ин, тағйири босуръати иқлим омили дигарест, ки ташвиши ҷомеаи башариро ба миён овардааст. Мусаллам аст, ки рӯйдодҳои мавриди назар ба низоми муносиботи миёни давлатҳо ва зиндагии инсонҳо бетаъсир намемонад. Бо мавриди назар қарор додани ҳолати бамиёномада Роҳбари давлат дар ибтидои Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ ҷиҳати пешгирӣ аз таъсири манфии онҳо зарурати дидани тадбирҳои саривақтӣ ва самароварро таъкид намуданд. Ин нуктаи Президенти кишварро ҳамчун ҳушдор бояд пазируфт.
Тавре дар Паём зикр гардидааст, дар ин самт Ҳукумати мамлакат барномаи мукаммалу устуворро тарҳрезӣ намудааст, зеро бидуни дидани тадбирҳои муҳиму муассир ҷиҳати муқовимат ба паёмадҳои ногувори рӯйдодҳои номатлуби ҷаҳони муосир амалисозии ҳадафҳои миллӣ, ки қабл аз ҳама, ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ, бақои ваҳдати миллӣ, рушди босуботи иқтисодиёт, таъмини амнияти миллӣ ва боло бурдани сатҳу сифати некуаҳволии мардуми кишвар нигаронида шудаанд, комёб будан муяссар намегардад. Ин масъалаест, ки набояд нисбат ба он бетараф буд ва аз ҳар як сокини кишвар, ки ифтихори миллӣ дорад, истиқлоли давлатиро беҳтарин неъмат медонад, ба ин марзу буми муқаддас арҷ мегузорад ва хешро фарзанди содиқи ин Ватани маҳбуб мехонад, тақозо мешавад, ки дар татбиқи он саҳим гардад. Дар Паём заминаи созгор ва роҳҳои расидан ба ин аҳдофи наҷиб ба таври равшан нишон дода шудааст ва таъмини заминаи мусоид ҷиҳати рушди босуботи иқтисодиёти кишвар яке аз онҳост.
Дар баробари зикри дастовардҳои дар соли гузашта муяссаргардида, ҳамзамон, дар Паём тарҳрезии барномаи амал барои баъд ироа гардид. Аз ҷумла, мақомоти дахлдор вазифадор шуданд, ки бо истифода аз имконияти мавҷуда рушди иқтисоди кишварро дар соли 2025 дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намоянд. Илова бо ин, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо супориш дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳои дахлдор то охири соли оянда «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030»-ро, ки фарогири масъалаҳои рушди сармояи инсонӣ, тақвияти иқтидорҳои истеҳсолӣ ва истифодаи технологияҳои муосир, ташкили истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатнок бо арзиши баланди иловашуда, пайванди илм бо истеҳсолот ва ташаккул додани иқтисоди ба дониш ва ихтироъкорию навоварӣ асосёфта мебошад, таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.
Дар баробари ин, зикр кардан бамаврид аст, ки яке аз омилҳои муассири ғанигардони буҷети давлат ин пардохти саривақтии андоз ба ҳисоб меравад. Таъмини раванди босуботи он ба сатҳи маърифати молиявӣ ва ташаккули фарҳанги андозсупории шаҳрвандон рабт дорад.
Тадбири муҳими дигаре, ки дар ин самт ба роҳандозии он дар Паём ишора шуд, гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллист. Маҳз ба ҳамин хотир ба ниҳодҳои дахлдор дастур дода шуд, ки дар ин ҷода тадбирҳои судманд биандешанд. Бо назардошти зарурат ва аҳамияти масъалаи мавриди назар Роҳбари давлат пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон шавад.
Тавре дар боло ишора рафт, як барномаи мукаммалест, ки бо татбиқи амалии он баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ ва рушди тадриҷии иқтисоди кишвари мо таъмин гардида, ҳамзамон, ба ин васила бунёди коргоҳҳои истеҳсолӣ, истеҳсолу содироти маҳсулоти дар бозори ҷаҳонӣ рақобаткунанда, коҳиш додани сатҳи бекорӣ, беҳбуд бахшидани иқтисоди хонаводагӣ ва боло бурдани сатҳу сифати зиндагӣ муяссар мегардад.
Мусаллам аст, ки таваҷҷуҳ ба соҳаи маориф дар умури давлатдорӣ дар мақоми аввал меистад, зеро рушду пешрафти тамоми соҳаҳо, ки барои таҳкими иқтидори давлат ва бақои он заминаи мусоид муҳайё месозад, қабл аз ҳама, ба сатҳи маърифати аҳолӣ рабт мегирад. Маҳз маърифат метавонад дар муқобили ҷаҳолат ҳамчун сипари боэътимод бошад. Ба ибораи дигар, маърифат мояи саодату хушбахтию наҷот ва ҷаҳолат заминагузори фасоду фаност. Ба ҳамин хотир, Роҳбари давлат дар суханрониҳои хеш гаштаю баргашта ба масъалаи донишу маърифатомӯзӣ таъкид мекунанд.
Дар Паёми имсола низ рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ яке аз муҳимтарин масъалаҳое буд, ки Президенти кишвар дар робита ба он ба таври муфассал изҳори назар намуда, ҷиҳати беҳбуд бахшидани соҳаи маорифи кишвар ба мақомоти дахлдор супоришу дастури созандаю муфид доданд. Аз ҷумла, ба нақши боризи маориф дар пешравии давлат ва ҷомеа ишора карда, ҳушдор доданд, ки «сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад».
Нисбат ба мақому мартабаи баланди фарҳанг ва саҳми он дар тарбияву ташаккули инсони комил ва фаротар аз он — миллат аз баҳои Президенти кишвари мо, ки дар яке аз мулоқотҳо ба аҳли зиё чанд сол қабл садо дода буд ва дар Паёми имсола аз он – «Фарҳанг — ҳастии миллат» ёд гардид, болотар баҳое нест. Ин ҳарфи Роҳбари давлатамонро набояд ҳамчун шиор пазируфт, балки пандест ҳакимона ва ҳушдорест хирадмандона, ки аз дурандешӣ ва оянданигарӣ маншаъ гирифтааст. Ин андарз, агар аз як сӯ, ҷойгоҳи баланди фарҳангро барои мо маълум намояд, аз тарафи дигар, нақши муассири онро дар сарнавишти миллат бозгӯ месозад. Он ҳушдорест ба насли имрӯзу оянда ҷиҳати эмин нигоҳ доштани миллати шарафманди тоҷик аз таҳдиду хатарҳое, ки дар ин айёми ноором аз бархӯрди тамаддунҳо ва омезиши фарҳангҳо бармеоянд. Мусаллам аст, ки ин бархӯрдҳо билохира, барои яке бақо ва барои дигаре фаноро подош меоранд. Ҳамин аст, ки чунин ҳолат аҳли хиради миллати моро, ки ба фарҳанги пурбори хеш арҷ мегузорад ва дар масири таърих ҳамеша саъй дошта, ки ба он газанде нарасад, ба ташвиш овардаву роҳҳои бархӯрд ба онро ҷустуҷӯ дорад. Панди дурандешонаи Роҳбари давлат дар ин росто беҳтарин тадбир ва ҳидоятест саривақтию ҳадафманд. Тавзеҳи он барои мо чунин маъноро бозгӯ месозад, ки миллат, маҳз бар асари пойдор нигоҳ доштани фарҳангаш метавонад аз ҳама гуна хатарҳо эмин бимонад. Яъне, мо агар фарҳанги пурғановати хешро, ки мояи нангу номусу ифтихори миллӣ, фарогири адабу ахлоқ, расму оин, анъанот, забон ва маншаи тафаккури миллии мо буда, дар тӯли ҳазорсолаҳо ташаккул ёфтаву сурати комил мегирад, ҳимоя карда тавонем ва бо таваҷҷуҳу ғамхории ҳамешагӣ онро таҳким бахшему устувор нигоҳ дорем, пас, метавонем мутмаин бошем, ки заминаи бақои миллати хешро муҳайё кардаем.
Тавре Президенти кишвар дар Паёми худ ишора намуданд, «тайи 33 соли Истиқлоли давлатӣ дар кишвар 18 театр, 50 қасри фарҳанг, 14 мактаби санъат, 126 китобхона, 61 боғи фарҳангу фароғат ва 20 осорхона бунёд карда шуд, ки имрӯз ҳамаи онҳо ба мардуми Тоҷикистон хизмат карда истодаанд». Ин маълумотро набояд ҳамчун рақаму нишондоди оморӣ қабул кард, балки мебояд бо корбурди тафаккур сари он мулоҳиза намуд, ки ин дастовард дар чӣ шароите ба мо муяссар гаштаю барои ноил шудан ба он чӣ қадар саъю кӯшишу талошҳо сурат гирифтааст, зеро аз ин 33 сол беш аз даҳ соли он ба ҷой доштани нооромиҳо дар кишварамон сипарӣ гардид ва тамоми равандҳои созандагию ободкориҳо, ки дастовардҳои фарҳангӣ аз ин шуморанд, ҳамагӣ дар муддати хеле кӯтоҳ, яъне понздаҳ-бист сол ба мо даст додааст. Ин нишондодро барои кишваре, ки ҷанги шаҳрвандиро паси сар кардааст, бо итминон метавон дастоварди бузург донист ва таъкид бамаврид аст, ки он маҳз ба баракати пойдории сулҳу субот, роҳандозии сиёсати фарҳангии созанда аз сӯйи Ҳукумати мамлакат ва таваҷҷуҳу ғамхории доимии Роҳбари давлат ба соҳаи фарҳанг насибамон гардидааст.
Ҳамзамон, Президенти кишвар ба мушкилот ва камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа ишора карда, ба Вазорати фарҳанг ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ дастур доданд, ки то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ онҳоро пурра рафъ намоянд. Бори дигар нақши муассири фарҳангро дар сарнавишти миллат таъкид карда, иброз намуданд, ки ҳифзу пойдории фарҳанги миллиро ҳамчун як масъалаи бисёр муҳим бипазирем, «зеро фарҳанги миллӣ ки заиф шуд, ҷояшро фарҳанги бегона пур мекунад».
Дар баробари масъалаҳое, ки ба онҳо ишора намудем, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ, ҳамчунин, ҷиҳати таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақоми занон дар ҷомеа, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба мақомоти дахлдор вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд, ки иҷрои саривақтии онҳо барои пойдории сулҳу субот, ободкорию созандагӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории мо заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ин ҳуҷҷати сарнавиштсозро метавон ҳамчун паёми сабз аз ояндаи дурахшону пурсаодати давлату миллатамон арзёбӣ кард. Итминон дорем, ки ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ хешро муваззаф медонад, ки амалкарди худро дар чаҳорчӯбаи он ба роҳ монда, бо хидмати содиқонаю софдилона ба давлату миллат рисолати шаҳрвандӣ ва фарзандии хешро адо менамояд.
Сироҷиддин ИКРОМӢ,
мудири бахши насри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон