Конфронси солонаи илмӣ-амалӣ дар ДДТТ
ДУШАНБЕ. (Шариф АТОБУЛЛОЕВ,«Садои мардум»). Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Илми тиб ва таҳсилоти тиббӣ» доир гардид. Чунин конфронс соле як маротиба ва имсол бори 62-юм аст, ки дар донишгоҳ баргузор мегардад. Дар конфронс олимони соҳаи тиб аз давлатҳои хориҷа, аз ҷумла Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон ширкат варзиданд.
Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино профессор Қурбон Убайдулло Абдулло зимни сухани ифтитоҳӣ аз дастовардҳои илми тиб ва татбиқи он дар кори амалӣ ёдовар шуда, зикр намуд, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ сол то сол ин соҳаи муҳими ҷамъиятӣ рушду такомул меёбад. Сипас, чанде аз иштирокдорон ва меҳмонон доир ба мавзӯи мавриди назар фикру андешаҳояшонро баён намуданд.
Ноҳияи Ашт — дар сафи пеш
АШТ. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Кишоварзони ноҳия соли дуюм аст, ки дурнамои истеҳсоли пахтаро пеш аз муҳлат иҷро менамоянд. Онҳо имсол дар майдони 6075 гектар бо истифода аз чигити навъи серҳосили «Флора» ва чигити навъҳои маҳаллии «Ориёӣ» ва «Неъмат» кишт гузаронида буданд. Дар натиҷаи меҳнати пурмаҳсул ва риояи талаботи агротехникӣ хирмани пурбаракати 9 ҳазору 200 тоннагии «тиллои сафед» ба даст омад. Дар ин дастовард сокинони деҳоти «Ориён», «Ашт», «Ошоба» ва «Ифтихор» саҳми калон доранд.
Муждаи иҷрои нақша
ШАҲРИТУЗ. (Давлат СУЛТОН, «Садои мардум»)Пахтакорони ноҳия аз иҷрои дурнамои солонаи истеҳсоли пахта бо сарбаландӣ баромаданд. Ба хирмани умумии пахтаи вилояти Хатлон то имрӯз беш аз 11 ҳазору 500 тонна «тиллои сафед»-и зарофарони ноҳия дохил гардид, ки ин аз заҳмати ҳалоли диловарони саҳро дарак медиҳад.
Дар таъмини иҷрои дурнамои пахтакорони шаҳритузӣ хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти «Пахтаобод», «Обшорон» ва «Сайёд» саҳми назаррас гузоштаанд. Хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти номбурда тавонистанд, ки ҳосилнокии ҳар як гектарро то ба 40-46 сентнерӣ расонанд. Имрӯзҳо пахтакорон баробари ҷамъоварии ҳосили боқимонда ба тоза намудани замин аз ғӯзапоя ва шудгор машғуланд.
Шаҳру деҳот соҳиби оби тоза мешаванд
КӮЛОБ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб маросими амалигардонии марҳилаи дуюми лоиҳаи «Таъминоти об ва беҳдошт дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Агентии Рушд ва Ҳамкории Швейтсария (SDC) маблағгузорӣ мешавад, баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ муовини раиси шаҳри Кӯлоб Рустам Неъматов, муовини директори Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) хонум Алёна Никулита, ҳамоҳангсози Барномаи мазкур дар Тоҷикистон хонум Регина Гуан, намояндаи «Оксфам»-и Бритонияи Кабир дар Тоҷикистон Девид Коста ва дигарон ба сухан баромада, таъкид намуданд, ки зимни амалӣ намудани лоиҳа як қисмати аҳолии шаҳри Кӯлоб ва деҳоти он бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин мешаванд.
Бинои нави фарҳангиёни Роштқалъа
РОШТҚАЛЪА. (Ш.Шоҳқосимов, «Садои мардум») Дар деҳоти ба номи Қурбоншо Гадолиеви ноҳия бинои нави хонаи фарҳанг ба истифода дода шуд. Ба ин хотир бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед, намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, собиқадорони соҳаи фарҳанг ва бинокорон ҷамъомади бошукӯҳ баргузор гашт.
Бинои мазкур бо маблағи ду миллиону 910 ҳазор сомонӣ сохта, бо таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Мактаби замонавӣ дар Ғудара
РӮШОН. (Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед дар яке аз деҳаҳои дурдасти водии Бартанг — деҳаи Ғудара бинои мактаби наву замонавӣ барои 190 нафар хонанда мавриди истифода қарор гирифт. Бинои мазкур бо маблағгузории шуъбаи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ сохта, аз ҳашт синфхонаи муҷаҳҳаз бо ашёҳои муосири таълимию техникӣ иборат мебошад. Зикр бояд кард, ки дар доираи Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии водии Бартанг, ки бо дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ қабул гардид, аксари муассисаҳои таълимии ин минтақа таъмиру навсозӣ мегарданд.
Хобгоҳ барои духтарон
ТОҶИКОБОД. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»). Дар назди интернати муассисаи таълимии №4-и деҳаи Ширинчашмаи ноҳия бинои хобгоҳ барои духтарони деҳаҳои дурдаст мавриди истифода қарор гирифт, ки дар ифтитоҳи он намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод ва Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат доштанд.
Бинои хобгоҳ аз се ҳуҷраи хоб, ошхона, ҳуҷраи дарстайёркунӣ ва ғайра иборат буда, ба маблағи 800 ҳазор сомонӣ сохта, бо асбобҳои техникии замонавӣ таҷҳизонида шудааст.
Дар хобгоҳи мазкур дар навбати аввал духтарони деҳаҳои дурдасти Себистон ва Кӯҳдоман, ҷиҳати идомаи таҳсил баъди хатми мактабҳои таҳсилоти ибтидоӣ, ҷой дода мешаванд.
Китоби нав
ҲИСОР. (РаҳмоналӣҲАБИБОВ, «Садои мардум») Бо кумак ва дастгирии шахсони саховатпеша — Ашӯралӣ Салимов ва Султонмурод Беҳбудов китоби тозанашри «Ҳисори сухан» дастраси дӯстдорони илму адаб гардид. Китоб намунаи осори адибони давраи навини доираи адабии Ҳисори шодмонро дар бар мегирад.
Ба хонандаи арҷманд пешниҳод намудани осори пайравону давомдиҳандагони анъанаи бузурги доираи адабии Ҳисор амали нек ва туҳфаи арзандаест ба ҷашни сеҳазорсолагии Ҳисори шодмон.
Масъули гӯша: Муҳаммад ЗОКИР. Бо мо дар тамос бошед: тел: 238-58-91