Зимни вохӯрии директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Файзуллозода бо сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён истифодаи таҷрибаи ҳамдигар дар самтҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва амалӣ дар соҳаи технологияҳои иртиботӣ, таҳияи ҳуҷҷатҳои стратегии инноватсия ва гузариши рақамӣ, инчунин, ҳамкории муштарак байни паркҳои технологии (IT паркҳои) Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид.
Тавре аз Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҷонибҳо оид ба истифодаи таҷрибаи ҳамдигар дар самтҳои илмӣ — таҳқиқотӣ ва амалӣ дар соҳаи технологияҳои иртиботӣ мубодилаи афкор намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди фаъолияти инноватсионӣ дар мамлакат, ташаккули низоми самараноки инноватсионӣ, ки барои баланд бардоштани сатҳи технологӣ ва рақобатпазирии истеҳсолот ба бозори дохилию хориҷӣ, суръатбахшии рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ноилшавӣ ба ҳадафҳои стратегии миллӣ мусоидат менамояд, заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ муҳайё намудааст. Бо ин мақсад дар мамлакат якчанд қонунҳое қабул гардидаанд, ки баъзе намудҳои фаъолияти инноватсиониро ба танзим медароранд.
Ф. АБДУЛҲАКИМОВА,
«Садои мардум»