Аз нишастҳои матбуотӣ

Варзоб. 8 корхона аз фаъолият бозмонд

№23 (4919) 19.02.2025

12Соли 2024 нақшаи даромади буҷети ­ноҳияи Варзоб бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 69,3 миллион сомонӣ иҷро гардид, ки нисбати нақша 8,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ноҳия 20 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта  шуда, дар давраи ҳисоботӣ 8 корхона бинобар муфлисшавӣ фаъолият  накардааст. Корхонаҳо ба истеҳсоли маҳсулоти саноатию сохтмонӣ машғул шуда, ба маблағи 95,3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд. Ҳамчунин, дар ин давра 4 корхонаи нав ба қайд гирифта шудааст. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Варзоб Хусрав Даминзода иттилоъ дод.

- Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 192,5 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки ба 103,8 фоиз баробар аст. Сабаби аз нақша барзиёд иҷро гардидани маҳсулоти кишоварзӣ мусоид омадани зимистони солҳои 2023-2024, риояи хуби қоидаҳои агротехникӣ, аз сармо эмин нигоҳ доштани ҳосили ангур ва дигар меваҷот мебошад, — гуфт Х. Даминзода.

Дар ноҳияи Варзоб ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмиру сохтмони 158 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз 90 иншооти гуногуни ҷашнӣ (76,1 фоиз) мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Айни замон сохтмони беш аз 50 иншооти дигар идома дорад.

М. ЗОКИР,

«Садои мардум»