Аз нишастҳои матбуотӣ

Воридоти орд, гандуму шакар афзуд

№23 (4919) 19.02.2025

11Муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Қурбонзода дар нишасти матбуотӣ зикр намуд, ки соли 2024 аз ҷониби 81 субъекти хоҷагидор ба ҷумҳурӣ 1 миллиону 57,8 ҳазор тонна гандум ворид гардид, ки ин  дар қиёс ба соли қаблӣ 34,2 ҳазор тонна ё 3,3 дарсад зиёд аст. Нархи миёнаи 1 тонна гандум 260 доллари  амрикоиро ташкил дод.

Тавре иттилоъ дода шуд, соли 2024 аз ҷониби 37 субъекти хоҷагидор 67,9 ҳазор тонна орд ворид гардид, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса бо соли 2023-юм 11,2 ҳазор тонна ё 19,7 дарсад зиёд мебошад.

- Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки соли 2024-ум бозори воридоти шакар рақобатпазир буда,  иштирокчиёни бозори молӣ 50 субъекти хоҷагидорро ташкил медиҳанд. Нишондиҳандаи мазкур дар қиёс ба соли 2023-юм 2 субъекти хоҷагидор зиёд аст. Дар ин давра ба мамлакат 200,78 ҳазор тонна шакар ворид гардид, ки нисбат ба соли 2023-юм 59,2 ҳазор тонна бештар мебошад, — иброз намуд Сафаралӣ Қурбонзода.

Мувофиқи таҳлилҳо соли 2024 ҳаҷми воридоти доруворӣ ба ҷумҳурӣ дар муқоиса бо соли қаблӣ 420,3 тонна ё 2,7 дарсад афзоиш ёфтааст. Дар ин давра ба ҷумҳурӣ аз 60 кишвар доруворӣ ворид шудааст, ки 45,86 дарсади он ба Ҷумҳурии Ҳиндустон, 20,82 дарсад ба Федератсияи Россия, 8 дарсад ба Ҷумҳурии  Полша, 7,36 дарсад ба Ҷумҳурии  Мардумии Чин ва боқимонда ба 56 кишвари дигар рост меояд.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»