Аз нишастҳои матбуотӣ

Мушкили асосӣ дар напардохтани ҳаққи хизмати обрасонӣ

№23 (4919) 19.02.2025

7Соли 2024 идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ бо 75292 истифодабарандаи об дар масоҳати 524410 гектар замин шартномаи тарафайни хизмати обрасонӣ ба имзо расонида, ба онҳо мувофиқи дархост 3 миллиарду 724,7 миллион метри мукааб об расониданд. Ин нуктаро директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафарбек Давлатзода дар нишасти матбуотӣ зикр кард.

Бино ба гуфти ӯ, арзиши хизмати обрасонӣ 179,2 млн. сомониро ташкил дода, аз ҷониби истифодабарандагони об дар ин давра 63 млн. 13,0 ҳазор сомонӣ ҳаққи хизмати обрасонӣ пардохт шудааст, ки нисбат ба соли гузаш­та 11,8 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Ба ҳисоби миёна дар ҷумҳурӣ ба ҳар гектар замин 7,1 ҳазор метри мукааб об расонида шудааст.

Ҳарчанд идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ уҳдадории худро дар бобати бо оби полезӣ таъмин  намудан пурра иҷро намуда бошанд ҳам, истифодабарандагони об ҳаққи хизмати обрасониро пурра ва сари вақт пардохт накарданд. Бо ин сабаб қарзҳои дебиторӣ афзоиш ёфта, бақияи он бо назардошти солҳои пеш 354,1 млн. сомониро ташкил менамояд.

Иттилоъ гирифтем, ки айни замон дар соҳа панҷ барномаи давлатии соҳавӣ мавриди амал қарор дошта, соли 2024 дар доираи барномаҳо бо харҷи 10 млн.174 ҳазор сомонӣ корҳои мелиоративӣ ба анҷом расида, ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративии 10107 гектар замин беҳтар гардидааст. Илова бар ин, 2711 гектар замини  нав бо сарфи 41,0 млн. сомонӣ аз худ шуда, 1352 гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ  берунмонда бо харҷи 2 млн.716,2 ҳазор сомонӣ барқарор ва 33541 метр соҳил мустаҳкам карда шудааст.

Ш. АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»