Соли 2024 дар ҳудуди мамлакат вобаста ба риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 1435 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2023-юм 609 ҳолат зиёд мебошад.
Аз ин теъдод вобаста ба 1409 ҳолат ҷазо таъин гардида, 26 парванда ҳангоми баррасӣ аз ҷониби судҳо қатъ карда шудааст. Маблағи умумии ҷаримаҳои муқарраргардида 11 миллиону 95 ҳазору 560 сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин 6 миллиону 639 ҳазору 535 сомонӣ рӯёнида шудааст. Дар ин хусус раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Зикр гардид, ки соли 2024 дар ҷумҳурӣ 114 ҳазору 853 маърака ва маросим ба қайд гирифта шуд, ки ин нисбат ба соли қаблӣ 506 маърака кам мебошад. Дар ин давра ба беш аз 6000 маърака тавассути бақайдгирии электронӣ тавсиянома дода шудааст.
- Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар танзими рӯзгори сокинони мамлакат, аз байн бурдани хурофотпарастӣ, расму оинҳои сунъию серхарҷ ва исрофкориҳо иқдоми муҳим ба ҳисоб меравад. Бо вуҷуди ин, то ҳанӯз ҳолатҳои риоя нагардидани тартиби гузаронидани ҷашну маърака ва зиёдаравию худнамоӣ ба назар мерасанд,- иброз намуд Сулаймон Давлатзода.
С. СУННАТӢ,
«Садои мардум»