Дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шӯроҳои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ амал мекунанд, ки дар самти пешгирии қонуншиканӣ ва таъмини волоияти қонун дар ҷомеа нақши муассир доранд. Зимни ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Варзоб масоили марбут ба мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини амну субот дар қаламрави ноҳия баррасӣ гардида, ҳолати иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба замин, алалхусус мақсаднок ва оқилонаю самаранок истифода бурдани замин, аз гардиши кишоварзӣ берун намондани он, асоснокии ҷудокунии қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ мавриди таҳлил қарор дода шуд.
Ҷаласаро раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Варзоб, прокурори ноҳия Маҳмудзода Мухтор Маҳкам ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки замин боигарии асосии давлат маҳсуб меёбад ва ояндаи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст.
Мавсуф ҳамчунин иброз дошт, ки дар ноҳияи Варзоб баҳри иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба пешгирии худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва сохтмони иншоот корҳои назоратӣ мунтазам ба роҳ монда шавад ҳам, ҳанӯз қонуншиканӣ аз ҷониби шаҳрвандон дар ин самт пурра аз байн нарафтааст.
- Прокуратураи ноҳияи Варзоб баҳри иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба истифодабарии замин дар даҳ моҳи соли 2014 корҳои назаррасро ба сомон расонида, дар ҳамбастагӣ бо мақомоти марбута 12 парвандаи ҷиноятиро дар ин самт оғоз ва тафтиш карда, ба Суди ноҳия ирсол намуд.
- Дар асоси санадҳои тартибдодаи прокурорӣ зиёда аз як гектар заминҳои худсарона ишғолгардида ба ҳолати аввала баргардонида шуда, гунаҳкорон ба ҷавобгарии интизомӣ, ҷиноятӣ ва маъмурӣ кашида шуданд, — гуфт Маҳмудзода Мухтор Маҳкам.
Сипас, ҳисоботи раиси комиссияи ҷамъиятии ноҳиявӣ, муовини якуми раиси ноҳияи Варзоб Абдувоҳид Ҳаитов ва раиси Кумитаи заминсозии ноҳия Ҷунайдулло Файзалиев шунида шуд. Пас аз музокираҳо раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз масъулини соҳа даъват ба амал овард, ки фаъолияти худро баҳри иҷрои дақиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мақсаднок ва одилона истифода бурдани замин, аз гардиши кишоварзӣ берун намондани он, асоснокии ҷудо кардани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба аҳолӣ, инчунин пешгирӣ намудани сохтмони худсаронаи хонаҳои истиқоматӣ ва дигар иншоот дар ҳудуди ноҳия пурзӯр намоянд.
Дар поёни кори ҷаласа бори дигар ба иштироккунандагон дастур дода шуд, ки ҳангоми барӯйхатгирӣ ҷиҳати таъмини оилаҳои эҳтиёҷманд бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва тақсимоти он бетарафӣ зоҳир накунанд ва ба талаботи қонунгузории ҷорӣ қатъиян риоя намоянд.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»