Соли 2024 иҷрои нақшаи тасдиқшудаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 108,4 фоиз таъмин гашта, ба ҷойи 18 млрд. 851,0 млн. сомонӣ ба буҷет 20 млрд. 426,0 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки ин нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 1 млрд. 575,0 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Иҷрои нақшаи воридоти андозҳо дар ВМКБ 108,2 фоиз, вилоятҳои Хатлон — 104,7, Суғд — 104,9, шаҳри Душанбе — 110,5 ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 105,2 фоиз таъмин гардид.
- Яъне, соли гузашта иҷрои нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳо дар миқёси ҷумҳурӣ аз рӯи ҳамаи намуди андозҳо пурра ба сомон расонида шуд. Ба ҳолати 1 январи соли 2025 бақияи қарзи андозҳо дар миқёси ҷумҳурӣ 740,2 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба аввали соли 2024 ба маблағи 65,4 млн. сомонӣ кам мебошад, — иброз дошт зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода.
Инчунин, иттилоъ дода шуд, ки аз тарафи мақомоти андоз тибқи тартиботи муқарраршуда оид ба рӯёнидани маблағи бақияи қарзи андозҳо аз андозсупорандагони қарздор ба буҷет 1694,6 млн. сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба соли 2023-юм 506,0 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамзамон, соли гузашта ҳамагӣ 20,5 ҳазор ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳои андозӣ ошкор ва шахсони дахлдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба онҳо ба маблағи 409,0 млн. сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ гардида, аз ин ҳисоб ва аз ҳисоби ҷаримаҳои солҳои қаблӣ татбиқшуда ба буҷети ҷумҳурӣ зиёда аз 456,4 млн. сомонӣ маблағ ворид шуд, ки нисбат ба соли 2023-юм 106,7 млн. сомонӣ зиёд аст.
Ш. ҲУСЕЙНЗОДА,
«Садои мардум»