Аз нишастҳои матбуотӣ

Соли 2024-ум 448 медал ворид шудааст

№23 (4919) 19.02.2025

422667584_391413370137979_9223008103836506305_n- Дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон 42 ҳазору 534 чорабинӣ бо фарогирии 4 миллиону 263 ҳазору 590 нафар ҷавонон баргузор гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2023 аз ҷиҳати теъдоди чорабиниҳо 430 адад ва аз лиҳози фарогирӣ 301 ҳазору 126 нафар зиёд мебошад. Соли гузашта 11 ҳазору 26 иншооти варзиш ба қайд гирифта шудааст, ки аз 127 варзишгоҳ, 7 662 майдонча, 2273 толор, 104 ҳавзи шиноварӣ, 89 маркази солимгардонию бошгоҳҳои варзишӣ ва 771 иншооти махсуси варзишӣ иборат мебошад, — иттилоъ дод зимни нишас­ти матбуотӣ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Зулфиқор ­Гулаҳмадзода.

Зикр гардид, ки бори нахуст 6 варзишгари кишвар аз риштаи ҷудо роҳхати Бозиҳои тобистонаи олимпии «Париж — 2024»-ро соҳиб гардиданд, ки ин дастоварди беназир аст. Инчунин, бори аввал дар ҷумҳурӣ бо иштироки 62 давлати ҷаҳон Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ доир гардид, ки ин рӯйдод дар таърихи кишварамон саҳифаи нав боз намуд. Муштзанони навраси тоҷик бошанд, аввалин маротиба дар Чемпионати Осиё иштирок намуда, ба хазинаи варзишии кишвар 11 медал, аз ҷумла 4 тилло, як нуқра ва 6 биринҷӣ, ворид намуданд.

Соли 2024 як ҳазору 126 нафар варзишгар, аз ҷумла 354 бонуи узви дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз намудҳои варзиши олимпӣ ва ғайриолимпӣ ба 82 мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ сафарбар гардида, ба хазинаи варзишии мамлакат 448 медал, аз ҷумла 134 тилло, 108 нуқра ва 206 биринҷӣ, ворид намуданд, ки нисбат ба соли 2023-юм 87 медал (13 тилло, 22 нуқра ва 52 биринҷӣ) зиёд мебошад.

Ш. ҲУСЕЙНЗОДА,

«Садои мардум»