Набзи истеҳсолот

Барномаи рушди саноати сабук дар Суғд чӣ гуна амалӣ мегардад?

№147 (3293) 09.12.2014

Хабарнигори рӯзнома бо ин савол ба мудири шуъбаи энергетика ва саноати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Озифхон Шарифзода муроҷиат намуд.

Мавсуф роҷеъ ба корҳои ба субутрасида дар ин самт ва ҷараёни иҷрои барнома маълумот дода, аз ҷумла зикр намуд, ки дар вилоят ҷиҳати фароҳам овардани шароит барои рушди саноати сабук дар асоси коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти аҳолӣ ба молҳои истеҳсоли ватанӣ ва зиёд намудани иқтидори содиротии кишвар чораҳои мушаххас андешида шудааст.

Дар ноҳияи Мастчоҳ навбати аввали Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Олим текстайлз» — фабрикаи ресандагӣ бо иқтидори коркарди 6 ҳазор тонна нахи пахта ва истеҳсоли 5,2 ҳазор тонна ресмон ба фаъолият оғоз намуда буд. Вале бо сабаби таъсири буҳрони молиявӣ аз нимаи дуюми соли 2013 корхона аз фаъолият бозмонда, дар ҳолати вазнини молиявӣ қарор дошт. Тамдиди қарзҳои мавҷуда ва бо ашёи хом таъмин намудан корхонаро мебоист аз вазъи вазнини молиявӣ раҳоӣ мебахшид. Бо дастгирии бевоситаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қарзҳои пешина аз андозу барқ тамдид шуда, маблағҳои гардишӣ дарёфт ва соли равон корхона боз ба фаъолият шурӯъ намуд. Айни ҳол дар он зиёда аз 400 нафар занону духтарони маҳаллӣ фаъолият менамоянд. Корхонаи мазкур дар нуҳ моҳи соли 2014 ба маблағи 27,3 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуд.

Дар ноҳияи Спитамен навбати аввали фабрикаи ресандагии ҶДММ «Спитамен Текстайлз» бо иқтидори 3500 тонна коркарди нахи пахта фаъолият дорад ва дар он 150 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд. Дар нуҳ моҳи соли 2014 коргоҳ ба маблағи зиёда аз 4,7 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намудааст.

Бояд зикр намуд, ки мувофиқи барномаи мазкур  фабрикаи нассоҷӣ дар ноҳияи Зафаробод аз тарафи Ҷамъияти саҳомии «Хуҷанд Инвест Коттон» сохта шудааст. Фабрикаи мазкур давоми корхонаи ресандагии «Нику Хуҷанд» буда, дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардидааст. Иқтидори истеҳсолии корхона 3 миллион ҷуфт ҷӯробҳои мардона ва бачагонаи пахтагин мебошад. Баъди мавриди истифода қарор додани навбати аввали фабрикаи мазкур 150 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Дар нуҳ моҳи соли равон корхонаи мазкур ба маблағи 319,6 ҳазор сомонӣ ҷӯроб истеҳсол намуд.

Баъди хусусӣ гардидани Ҷамъияти саҳомии «Фарзона»-и шаҳри Исфара бо сабаби аз кор рафтани мутахассисон, рақобатпазир набудани маҳсулоти истеҳсолшаванда корхона аз фаъолият бозмонд. Дар заминаи қисми иқтидорҳои корхона ҳоло аз ҷониби соҳибкор Салима Исматова коргоҳи хурди дӯзандагӣ ташкил ва дар он дӯхтани либосҳои мактабӣ ба роҳ монда шудааст.

Қобили зикр аст, ки ҷараёни истеҳсолот дар корхонаҳои ҶДММ «Ҷавонӣ», ҶДММ «Текстил Сити» ва ҶСП «САТН» бо силсилаи пурраи коркарди нахи пахта амалӣ шуда, дар ин давра истеҳсолоти ресандагӣ, бофандагӣ, рангуборкунӣ ва дӯзандагӣ таъсис ёфта, мавриди истифода қарор дода шудааст.

Дар нуҳ моҳи соли 2014 тибқи Барномаи мазкур истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ дар корхонаҳои муштараки «Ҷавонӣ» ва ҶСП «САТН»-и шаҳри Хуҷанд мутаносибан ба маблағи 39,0 ва 23,7 млн. сомонӣ  таъмин гардид.

Яке аз корхонаи калонтарини соҳа КМ «Кабоол-Тоҷик-Тесктайлз» буда, иқтидори коркарди 12000 тонна нахи пахтаро дорад ва 2300 нафарро ба ҷойҳои корӣ таъмин намуда метавонад. Сабаби аз фаъолият бозмондан мавҷудияти қарзи бонкии корхона буд, ки соҳибмулкон уҳдадориашонро дар назди бонкҳо ва хоҷагиҳои деҳқонӣ иҷро карда натавониста, ҷумҳуриро тарк намуданд. Қарзи умумии корхона дар назди буҷет 75 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад ва то кунун оид ба ин масъала баҳси судӣ идома дорад. Барои ба кор даровардани корхона аз рӯи ҳисоби пешакии мутахассисони корхона 2,6 млн. доллари ИМА зарур буда, корҳо ҷиҳати ҷалби сармоягузорон идома дорад.

Омили дигари рушди соҳаи саноати сабук ин фаъолияти мунтазаму босуботи корхонаҳои дӯзандагӣ ба ҳисоб меравад. Айни замон дар вилоят 89 корхонаю коргоҳҳои дӯзандагӣ фаъолият бурда истодаанд, ки дар онҳо зиёда аз 2000 нафар бо ҷойи кор таъмин мебошанд. Дар вилоят ба роҳ мондани дӯхтани либосҳои мактабӣ талаботи рӯз арзёбӣ мегардад, зеро теъдоди хонандагон дар вилоят 463 ҳазору 964 нафарро ташкил медиҳанд. Ҳамзамон дӯхти либосҳои махсуси коргарӣ ва лавозимоти корхонаҳои буҷетӣ дар коргоҳҳои дӯзандагии вилоят ба роҳ монда шуда истодааст.

Тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳё ва рушди меҳнати хонагии занон, ҳунарҳои дастии қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ ва адрасбофӣ дар ин давра тадбирҳои мушаххас андешида шуда, моҳи апрели соли равон дар назди корхонаи ҶСШК «Зинат» Маркази таълимӣ-истеҳсолии «Шероз» ба фаъолият оғоз намуд, ки ҳоло фаъолияти хуб дорад.

Бояд тазаккур дод, ки ҷиҳати ҳар чӣ бештар ҷалб намудани занони хонашин ва ҷавондухтарон ба омӯзиши ҳунарҳои миллии қолинбофии дастӣ ва сӯзанидӯзӣ дар ҳамаи шаҳру  ноҳияҳои вилоят марказҳои таълимию истеҳсолӣ таъсис дода шуда, занону духтарон ба омӯзиши ин ҳунарҳои миллӣ машғуланд.

Мухтори АБДУЛЛО