Роҳи он ҳамвору бехатар набуд
Аз замоне ки худро шинохтам, дар ёд дорам, ки дар девори хонаамон акси падарам бо либоси низомӣ насб шуда буд. Инчунин, акси амакҳоям, ки дар солҳои гуногун хидмати Ватанро адо кардаанд. Кулоҳи сарбозии амаки хурдиам, ки солҳои аввали ба истиқлол расидани кишвари азизамон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ хидмат кардааст, хонаи бобоиро зеб медод. Мо — кӯдакони хона бо ҳавас кулоҳро гирифта тамошо ва нишони дар қисмати пеши он насбшударо ламс мекардем. Чун бузургтар шудем, чӣ будани хидмати Ватан таваҷҷуҳамонро бештар ҷалб мекард ва бо ҳар гуна суолҳо муроҷиат намуда, аз падар ва амакҳо дар ин хусус нақлҳо мешунидем. Дар дигар хонаҳои деҳа низ муносибат ба нафароне, ки хидмати Ватан — Модарро адо кардаанд, чунин буд.
Баъзан иттифоқ меафтид шоҳиди суҳбати калонсолҳо бошем, ки бо ифтихор аз замони хидмати ҳарбӣ нақл мекарданд. Чунин суҳбатҳо ва муносибати нек ба нафароне, ки хидмати ҳарбиро ба ҷо овардаанд, дар вуҷуди мо ҳисси ифтихор бедор мекард ва дар баҳсҳои кӯдакона бо ифтихор аз хидмати падар дар артиш ба дӯстон гӯшзад мекардем. Гап сари он аст, ки хидмати Ватан-Модарро иҷро кардан дар ҳама давру замон мояи ифтихор будааст. Аз ин ҷост, ки замоне як нафар пас аз адои хидмат ба хона бармегардад, мардум мегӯянд: «қарзи фарзандиашро дар назди Ватан иҷро кард». Воқеан, ин сухан, ки муаллифаш халқ аст, муҳимияти хидмат дар сафи артишро хеле хуб ифода намудааст. Қарздор будан дар фарҳанги миллати мо нишони бенангӣ аст ва адои қарз дар ҳар ду ҷаҳон талаб карда мешавад.
РОҲЕ, КИ АЗ ХАЙМА ОҒОЗ ШУД
Тоҷикон 35 сол пеш дар давлати паҳновар ва бисёрмииллате бо номи Иттиҳоди Шуравӣ зиндагӣ мекарданд. Саодате ба миллати мо насиб шуд, ки ба худсолориву озодӣ расидем, аммо таассуфовар он аст, ки аз як давлати пуриқтидори дунё барои кишвари мо ҳеҷ меросе дар соҳаи артиш намонд. Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояшон доимо ёдовар мешаванд, вақте хостем Артиши миллиро таъсис диҳем, ҳеҷ гуна яроқу аслиҳа надоштем. «Зарурати ташкили Артиши миллӣ ҳанӯз 9-уми сентябри соли 1991 дар Қарори Шурои Олии кишвар «Дар бораи эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъкид гардида буд. Вале вазъи ниҳоят ҳассосу душвор, мушкилиҳои солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ имкон надоданд, ки Тоҷикистон Артиши миллии худро таъсис диҳад.
Масъалаи ташкили Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҷараёни баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ ба миён гузошта шуд ва 18-уми декабри соли 1992 фармони Раёсати Шурои Олӣ дар бораи таъсис додани Артиши миллӣ ба имзо расид.
Ҳукумати мамлакат, бо вуҷуди мушкилоти сахту сангини иқтисодиву молиявӣ, аз нахустин рӯзҳои таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ доир ба ташкили инфрасохтор ва таъсиси қисму воҳидҳои низомӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ гардонид», — иброз доштанд дар суханронӣ бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ Пешвои миллат.
Воқеан, тавре Роҳбари давлат зикр кардаанд, то баргузории Иҷлоисияи XVI Шурои Олӣ аз соҳибистиқлол шудани кишвар зиёда аз як сол гузашта бошад ҳам, кӯшишҳо барои ташкили Қувваҳои Мусаллаҳ бенатиҷа буд. Иқдоми нахустин дар ин самт Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми декабри соли 1991 «Дар бораи ташкил намудани Горди миллӣ» ба ҳисоб меравад. Пас аз он, 4-уми январи соли 1992, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкил намудани Кумитаи мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», 10-уми июни соли 1992 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси «Фронти халқӣ» ва 17-уми сентябри соли 1992 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид, аммо вазъи муташанниҷи сиёсӣ иҷрои санадҳои мазкурро ба таъхир мегузошт. Дар ин баробар, зуд-зуд иваз шудани ҳайати роҳбарӣ ва зери фишори неруҳои гуногун иваз намудани мавқеъ аз ҷониби роҳбарони низомӣ вазъи амниятии кишварро печидатар менамуд. Дар ҳамин гуна як шароити ҳассос Иҷлосияи таърихии ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор ва дар он муқаддасот ва рукнҳои давлатӣ асос гузошта шуд.
Пас аз ба фаъолият оғоз намудани Ҳукумати конститутсионӣ бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мустаҳкам кардани пояҳои давлат тадбирҳои зиёд андешида шуд. Яке аз иқомҳои нахустини Роҳбари давлат Қарори Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарор дар бораи роҳбарии фаврӣ, идоракунии мутамарказ ва сафарбаркунии неруҳои мусаллаҳи сохторҳои низомӣ бо мақсади ҳар чӣ зудтар ба эътидол овардани вазъияти сиёсӣ, таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мебошад, ки 18-уми декабри соли 1992 қабул гардидааст. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чандин вохӯриҳояшон аз лаҳзаи таҳияи Қарори Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ёдовар шуда, зикр кардаанд, ки онро дар зери хаймае дар фурудгоҳи «Айнӣ» имзо гузоштаанд.
23-юми феврали соли 1993 дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахти кишварамон — шаҳри Душанбе нахустин паради ҳарбӣ бо иштироки ҷузъу томи гарнизони Душанбе баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.
Новобаста аз вазъияти душвор ва бисёр ҳассос барои Тоҷикистони тозаистиқлол Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми шароиту имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, ҷиҳати мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ, беҳдошти шароити хизматию маишӣ, заминаҳои моддӣ-техникӣ ва барои боз ҳам хубтару беҳтар намудани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ тадбирҳои муҳиму саривақтиро роҳандозӣ мекарданд.
Ҳамин тариқ, Артиши миллии мо бидуни заминаи моддиву техникӣ аз сифр ташкил ва дар муддати 32 сол пурқудрат гардида, вазифаашро сарбаландона иҷро карда истодааст.
МАРҲИЛАҲОИ РУШД
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаҳои зиёди рушдро тай карда, давра ба давра камол ёфт. Бунёду таҳкими Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон се давраи асосӣ — ташкилу фаъол намудани мақомоти ҳарбӣ, қисмҳои низомӣ ва дигар муассисаву идораҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ки он бомуваффақият анҷом ёфт, марҳилаи рушду камоли артиш, баланд бардоштани омодагии доимии ҷангӣ ва татбиқу истифодаи таҷрибаҳои пешқадам дар омӯзиши мақомоти идорӣ ва ҳайати шахсӣ, ки он ҳанӯз идома дорад ва даври асосӣ — бунёди навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкиму тақвият бахшидани иқтидори ҷангии онро дар бар мегирад.
Айни ҳол дар ҳайати Артиши миллии мамлакат се навъи қӯшун — қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, қӯшунҳои хушкигард ва қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд.
Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ аз нахустин неруи мусаллаҳи Тоҷикистон ба шумор рафта, соли 1993 таъсис ёфтааст ва ҳамсолу ҳамқадами Артиши миллӣ мебошад. Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ бошад, соли 1994 таъсис ёфта, то муттаҳид гардондан бо қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ дар ҳайати Артиши миллӣ мустақилона фаъолият менамуд. Дар натиҷаи ворид намудани ислоҳоти ҳарбӣ ва бо дарназардошти ҳадафу вазифаҳои ягона, соли 2005 қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ якҷо ва ба як навъи қӯшун табдил дода шуданд.
Раёсати қӯшунҳои хушкигард моҳи июни соли 1997 ташкил ёфта, аз сершумортарин навъи Қувваҳои Мусаллаҳ маҳсуб меёбад.
Қӯшунҳои зудамал аз ҷавонтарин навъи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар буда, моҳи сентябри соли 2003 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст.
Ғайр аз се навъи қӯшуни Артиши миллӣ, инчунин, дар тобеияти Вазорати мудофиа ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ қисму воҳидҳои алоҳидаи низомӣ ва муассисаҳои олии таълимии ҳарбӣ низ фаъолият менамоянд. Аз ҷумла, донишкадаву литсейи ҳарбӣ, полки таъминотӣ ва идоракунӣ, полки муҳандисӣ-сапёрӣ, баталиони алоҳидаи ҳифзи радиатсионӣ, химиёвӣ ва биологӣ, баталиони сохтмонӣ, госпиталҳои ҳарбӣ, қисмҳои низомии таъминотӣ, кафедраҳои ҳарбии назди донишгоҳу донишкадаҳо, комиссариатҳои ҳарбӣ ва дигар идораҳои низомӣ мебошанд, ки аксари онҳо аз солҳои аввали таъсисёбии Артиши миллии мамлакат ташкил ёфта, вобаста ба хусусияти таъсис ва ҳадафу вазифаҳои таъинотиашон уҳдадориҳои махсусан муҳими ҷангиро иҷро мекунанд.
Барои фаъолияти пурсамар ва босифат пойгоҳҳои дорои шароити лозима зарур аст. Қувваҳои Мусаллаҳ, ки аз соҳаҳои муҳиму стратегӣ ба ҳисоб меравад, беш аз ҳар соҳаи дигар ба иншооти гуногун ниёз дорад. Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва зимни таъсису бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ навъи қӯшунҳо ва дигар ҷузъу томи Артиши миллӣ дар пойгоҳҳои корхонаву идораҳои давлатӣ ва муассисаҳои таъиноташон гуногун ташкил гардида буданд. Дар давоми 32 соли рушду нумӯи Артиши миллӣ маҳз бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гарнизонҳои Суғду Хатлон, Хоруғ, Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ садҳо бинои маъмурию ситоди қисмҳои ҳарбӣ, хобгоҳҳои аскарону афсарон, синфхонаҳои таълимӣ, комиссариатҳои ҳарбӣ, иншооти ёрирасони коммуналӣ, истгоҳҳои доимӣ барои нигоҳдории техникаи ҳарбиву автомобилӣ ва дигар иншооти зарурии низомӣ дар муддати кӯтоҳ, бо сифати баланду хароҷоти камтарин ва ҷавобгӯ ба меъёри ҳарбиву талаботи ҳозиразамони низомӣ сохта мавриди истифода қарор дода шуданд.
Ташкили машқгоҳу марказҳои таълимӣ ва фароҳам овардани тамоми шароити ҳозиразамони ҳарбӣ дар онҳо имкон медиҳад, ки на танҳо ҷузъу томи тобеи Вазорати мудофиа, балки дигар сохторҳои қудратии мамлакат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар низ аз он самаранок истифода баранд, дар баробари дигар чорабиниҳои нақшавӣ, санҷиши техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҷангӣ ва дигар силоҳу муҳимоти ҳарбиро мавриди омӯзиш қарор диҳанд.
САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ
Дар ҷомеаҳои демократию ҳуқуқбунёд фаъолияти дилхоҳ соҳа тавассути санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда мешавад. Дар кишвари соҳибистиқлоли мо низ барои рушду пешрафт санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёд таҳияву қабул шудаанд. Аз ҷумла, барои танзим ва ташаккули Қувваҳои Мусаллаҳ ва сохтору воҳидҳои он шурӯъ аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ санадҳои меъёрӣ, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи разведкаи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ», «Дар бораи силоҳ», «Дар бораи фармоиши давлатии мудофиавӣ», «Дар бораи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ», «Дар бораи савгандёдкунии тантанавии хизматчиёни ҳарбӣ барои садоқат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мудофиа», «Дар бораи ҳолати ҷангӣ», «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» қабул гардиданд, ки асосҳои ҳуқуқии мавҷудият ва фаъолияти қувваҳои мусаллаҳ, таъмину нигоҳдориро муайян намуда, инчунин, масъалаҳои интизоми дохилӣ, таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва фаъолияти хизматчиёни ҳарбиро ба танзим медароранд.
АРТИШИ КОРОЗМУДАИ МИНТАҚА
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 32 соли мавҷудият ба як неруи пуриқтидор табдил ёфт. Дар ин муддат Артиши миллӣ ба чолишҳои зиёде рӯ ба рӯ шуда, кишвари соҳибистиқлол, истиқлоли давлатӣ ва марзу буми аҷдодиро шарафмандона ҳимоя намудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошӣ ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 феврали соли 2024 зикр кардаанд, ки «Имрӯз мо бо ифтихор иброз медорем, ки маҳз дар натиҷаи шуҷоату матонат ва далериву ҷоннисориҳои хизматчиёни ҳарбӣ — фарзандони бонангу номуси Ватан ҳокимияти конститутсионӣ барқарор гардид ва дар кишвар барои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ заминаи устувор гузошта шуд».
Воқеан, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони навинро бо ҳама рукнҳояш бунёд намуда, бо заҳмати шабонарӯзӣ ваҳдати комилро таъмин карданд. Артиши миллӣ, ки меъмораш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, чун сипари боэътимод дар муқобили мавҷи хатарҳои ҷаҳони муосир таъминкунандаи сулҳу оромист. Натиҷаи заҳмати шабонарӯзӣ ва ҷоннисориҳои ходимони Қувваҳои Мусаллаҳ аст, ки имрӯз мувофиқи арзёбии марказҳои таҳлилии ҷаҳонию минтақавӣ Артиши миллии Тоҷикистон, бинобар дорои таҷрибаи ҷангӣ будан, аз корозмудатарин қувваҳои мусаллаҳи минтақа ба ҳисоб меравад.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»