Бо дуои модар

№24 (4920) 21.02.2025

МодарҶавон баъд аз субҳона сарулибоси нав ба бар кард ва ба оинаи барқад нигарист: мӯи сип-сиёҳаш шонахӯрда, куртаи сафед ва кастюмаш шинаму зебо ба чашм мерасид. Ӯ ҷавони баландқомат, нигоҳаш самимию пурмеҳр ва саҳл андешаманд буд.

Рӯи кӯрпача чорзону зада нишасту аз модар талаби дуои хайр кард….то ба хидмати сарбозӣ равад. Модар бо меҳр ба симои писараш назар андохт. Мард шудааст фарзандаш. Хидмати сарбозӣ ҳам барои ҳар ҷавонмард фарз аст. Ҳарчанд дурӣ аз дидори писар сахт аст, аммо бояд сабр кард, ба ӯ дуои хайр дод. Охир нангу номуси ватандорӣ кори саҳл нест. Шараф чизи таҷовузнопазир аст.

Модар даст ба дуо бардошт. Дуояш мисли худаш басо зебо буд. Рухсораҳои чун гули себ шукуфонаш ҳамнаво ба тора-тора мӯйҳои барфзадааш, ки қисса мекард аз сафедии дилаш, ба чашмони писар ҷаззобу нуронӣ метофт. Ӯ гӯиё дуо не, тарона мехонд. Бо шеваи ширину маҳин калимаҳоро мисли марворид дар ҳамели муҳаббат паси ҳам мекашид.

Бале, модар тарона месуруд. Таронаи шуҷоат барои гусели шербачааш ба хидмати Ватан. Ҳамин тавр бо ашки шодӣ ӯро гуселонид ба мактаби мардонагӣ. Модаре, ки бо писари ҷасураш ифтихор мекард ва ҳамеша бо дуою ҳидоятҳояш меҳри Ватанро дар дили ҷигарбанд меафрӯхт…

Ҳама вақт дасти дуои модар барои фарзанд фатҳу кушоиш меорад. Модаре, ки наздиктарин кас ба Офаридгор аст ва аз боғсори ҳастияш атри Худо меояд. Фарзанде, ки дуои хайри модарро мегирад, корҳояш бобарор мешавад. Ба қавли шоир Ворис:

Модарам боғест,

Меваҳое аз дуо дорад.

То бихонад халқи оламро сари он,

Модарам атри Худо дорад.

Ду рӯз пеш аз комиссариати ҳарбӣ барояш даъватнома омада буд, то қарзи фарзандиашро дар назди Ватан-Модар анҷом диҳад. Даъватномаро хонду тасмим гирифт, ки бояд хидмати Ватанро ба ҷо биёрад, аз мактаби шуҷоату мардонагӣ бигзарад.

Ӯ ба аҳли оила тасмимашро хабар дод. Ба хидмати Ватан меравам, гуфт бо қатъият. Ин иқдоми ӯро шунида ашк дар чашмони модар ҳалқа зад. Вай фарзандашро ба оғӯш кашид. Худо ба ҳамроҳ, шунид садои модарро…

Пас аз дуои хайри модар, вақте ки аз дарвозаи ҳавлӣ по ба берун мегузошт, лаҳзае чашмаш ба гулу буттаҳо ва дарахтони сарсабзу тановари парвардаи падари азизаш афтод. Ёд овард заҳматҳои қиблагоҳашро, ки чӣ гуна замини хушку беобро бо заҳмат ба боғи Ирам табдил дод.

Ба хаёл рафт. Китобҳои хондаашро пеши назар овард. Махсусан, китоб­ҳое, ки аз ҳифзи Ватан мегӯянд ва аз рӯзгор ва пайкори нобиғаҳои миллати тоҷик қисса мекунанд. Ҷонбозиҳои онҳо барои бақои халқи хеш дар тӯли ҳазорсолаҳо дарси мардонагӣ медиҳанд. Шарафу номуси ватандориро ба хонанда меомӯзанд.

Ӯ хондаю шунида буд, ки истиқлоли Ватан ба осонӣ ба даст наомадааст. Фарзандони бонангу номус дар ин роҳ ҷонбозиҳо кардаанд. Аз ин рӯ, сарбози Ватан шудан ифтихор аст. Сарбозе, ки хоки поки Тоҷикистонро, амнияти онро, осоиши модарону хоҳарон ва сокинони кишварашро посбонӣ мекунад. Вай дар ин хусус борҳо ба суҳбату ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон гӯш додааст. Ифтихори ватандориро аз ин марди бузург омӯхтааст.

Ин андешаҳо аз сари ӯ мегузашту ҳифзи марзу буми Ватанро қарзи фарзандии хеш меҳисобид. Ба бар кардани либоси сарбозиро аз оини ҷавонмардӣ медонист. Бо пӯшидани ин либос вуҷудашро эҳсоси сарбаландӣ фаро мегирифт, масъулияташ даҳчанд мегашт.

Табассуме дар лабонаш шукуфо шуд. Эҳсоси қаноатмандие вуҷудашро фаро гирифт:

- Ман барои ин Ватан, марзу буми аҷдодиям мисли ҳар як фарзанди бонангу ор сина сипар менамоям. Ба хотири амну оромии имрӯзу ояндаи кишвари азиз, агар лозим шавад, ҷон медиҳам.

Ин суханонро зери лаб гуфту ба сӯи комиссариати ҳарбӣ раҳсипор шуд.

Гулбаҳор РАҲМОНОВА,

«Садои мардум»