Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ ва Конфедератсияи ҷамъиятҳои муаллифон ва бастакорон семинари миллӣ оид ба ҳуқуқи муаллиф ва таъсис додани идораҳои дастаҷамъии ҳуқуқҳои амволии муаллифон баргузор гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони истиқлолият пояҳои асосии қонунгузории худро дар соҳаи моликияти зеҳнӣ бунёд намуда, узви муҳимтарин созишномаву шартномаҳои байналмилалии соҳа гардид. Моддаи 40 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин эълон намудааст: «Моликияти зеҳнӣ дар ҳимояи қонун аст». Бояд тамоми идораҳо, сарфи назар аз шакли моликият, ба ҳифзи объектҳои моликияти зеҳнӣ зиёдтар аҳамият дода, кору фаъолияташонро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба роҳ монанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки муносибатҳои байни муаллифон ва истифодабарандагони асарҳои онҳо ва масъалаҳои вобаста ба пешгирии ҳуқуқвайронкунии назорати содирот ва воридоти объектҳои моликияти зеҳниро ба танзим медароранд, қабул шудаанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», моддаҳои алоҳида дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамин қабил мебошанд.
Барои пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ ҳамкории вазорату идораҳое, ки содирот ва воридоти объектҳои моликияти зеҳниро назорат менамоянд, бар зидди паҳншавии ғайриқонунии объектҳои ҳуқуқи муаллиф мубориза мебаранд ва манфиатҳои қонунии муаллифон ва соҳибҳуқуқонро ҳифз менамоянд, зарур аст.
Амалӣ намудани ин таҷриба ва имзо шудани созишномаҳои байналмилалӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баланд шудани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат мекунад. Алҳол Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии Конвенсия дар бораи таъсиси Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ, Конвенсия оид ба ҳифзи асарҳои адабӣ ва бадеӣ, Аҳдномаи Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ оид ба иҷро ва фонограммаҳо мебошад.
Сардори шуъбаи ҳуқуқ, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он дар назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Муқумов зимни суҳбат иброз дошт, ки алҳол дар ҷумҳурӣ идораҳои дастаҷамъии ҳуқуқҳои амволии муаллифон таъсис дода нашудааст. Чунин вазифаро шуъбаи мазкур ба ҷо меорад. То ҳадди имкон аз ҷониби шуъба барои таъмини ҳуқуқи амволии муаллифон кумак расонда мешавад.
-Танҳо давоми соли равон ба шуъба 43 нафар барои кумак муроҷиат намуданд, ки ба онҳо ёрӣ расонда шуд, то ҳаққи қалами худро барои асарҳои офаридаашон гиранд. Аммо шуъба имкони пурраи қонеъ гардондани дархосту муроҷиатҳои муаллифонро надорад. Аз ин сабаб дар ҷумҳурӣ ташкили идораҳои дастаҷамъии ҳуқуқҳои амволии муаллифон зарур аст,- мегӯяд Нуъмон Муқумов.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкили чунин идораҳои дастаҷамъӣ заминаҳои ҳуқуқӣ мавҷуданд. Чунончӣ, дар боби чоруми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», ки идораи дастаҷамъии ҳуқуқҳои вобаста ба он ном дорад, ҳадафҳои асосии онҳо нишон дода шудааст.
Тавре дар қонуни мазкур омадааст, бо мақсади таъмини ҳуқуқи амволии муаллифон, иҷрогарон, истеҳсолкунандагони фонограмма ва дигар соҳибони ҳуқуқҳои муаллифӣ ва вобаста ба он дар ҳолатҳои ба таври инфиродӣ амалӣ сохтани он агар ба мушкилот дучор оянд, метавонанд ташкилотҳоеро таъсис диҳанд, ки ҳуқуқҳои амволии шахсони мазкурро дар асоси дастаҷамъӣ идора менамоянд. Чунин ташкилотҳо дар шакли ташкилотҳои ҷамъиятии ғайритиҷоратӣ таъсис меёбанд ва дар доираи салоҳиятҳое, ки соҳибони ҳуқуқҳои муаллифӣ ва вобаста ба он доранд, амал мекунанд.
Ваколатҳо ба ташкилоти идораи дастаҷамъӣ мустақилона аз тарафи соҳибони ҳуқуқи муаллиф ва вобаста ба он дар асоси шартномаҳои хаттӣ ба тариқи ихтиёрӣ, ҳамчунин аз рӯи шартномаҳои дахлдор бо ташкилотҳои хориҷие, ки чунин ҳуқуқҳоро идора мекунанд, дода мешаванд.
Ҳар як муаллиф, вориси ӯ ё шахси дигари соҳиби ҳуқуқи муаллиф ва вобаста ба он, ки тибқи ҳамин қонун ҳифз мешавад, ҳақ дорад аз рӯи шартнома амалӣ сохтани ҳуқуқи амволии худро ба ташкилоти идораи дастаҷамъӣ, ки вазифадор аст, амалӣ сохтани ин ҳуқуқро ба уҳда гирад, вогузор намояд, ба шарте ки он ба фаъолияти оинномавии ташкилот мансуб бошад. Ташкилоти идораи дастаҷамъӣ ба истифодабарандагон барои тарзҳои дахлдори истифодаи асарҳо ва объектҳои ҳуқуқи вобаста ба он иҷозатнома медиҳад.
Дар семинари миллӣ кормандони масъули ин соҳа аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Молдова, Ҷумҳурии Қазоқистон, коршиносони созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
Ҳангоми таъсиси идораҳои дастаҷамъии ҳуқуқҳои амволии муаллифон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҷрибаи дигар давлатҳо ва тавсияҳои созмонҳои байналмилалӣ истифода менамоянд.
М. АЪЗАМ, «Садои мардум»