Табрикоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ба муносибати рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

№ 24.02.2025

IMG_6862-800x445Ҳамдиёрони азиз!

Сокинони сарбаланди пойтахт!

Бо камоли ифтихор ҳамаи Шумо ва тамоми хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомии мамлакатро ба ифтихори рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.

Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар аз рӯзи таъсисёбӣ то ба имрӯз ба неруи пуриқтидори низомӣ табдил ёфта, бо дарки масъулияти ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ баҳри муҳофизати сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ дар хизмати Ватани азизамон қарор доранд.

Бо дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити маишию хизматии хизматчиёни ҳарбӣ сол то сол беҳтар гардида, пояҳои моддию техникӣ ва неруи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар таҳким меёбанд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки хизмат ба Ватан шарафу ифтихори бузург ва вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавони бонангу номус буда, дар шароити пуртаззоди ҷаҳони имрӯза соҳибистиқлолии давлат, сулҳу амнияти мамлакат ва фазои осоиштаи зиндагии мардум аз хизмати содиқонаи онҳо вобастагӣ дорад.

Дар ин лаҳзаҳои пуршараф бори дигар кулли ҳамватанон ва хизматчиёни ҳарбии кишварро ба муносибати рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан шодбош гуфта, ба ҳар яки онҳо саломатии бардавом ва ба Ватани маҳбубамон сулҳу субот ва ояндаи дурахшонро таманно дорам.

Ид муборак, ҳомиёни ҷасури Ватан!