Дар намоишгоҳи бонуфузи «Gulfood», ки дар Дубай баргузор гардид, корхонаҳои коркарди хушкмеваҳои Тоҷикистон — «Водии меваҳо», «Оро Исфара», «Исфара Фуд», «Меваи тиллоӣ», «Меваи заррин», «Висол» ва «Тути Помир» дар радифи 5500 корхона аз 130 кишвари дунё дар гӯшаи махсуси Тоҷикистон маҳсулоти худро ба намоиш гузоштанд.
Намоишгоҳи «Gulfood Dubai» ҳар сол баргузор шуда, яке аз намоишгоҳҳои бузургтарини тиҷоратӣ дар саноати хӯрокворӣ мебошад. Намоишгоҳи «Gulfood Dubai» иштирокдорон, коршиносони пешсафи соҳа ва харидоронро аз саросари ҷаҳон барои табодули идеяҳо, тавсеаи робитаҳои тиҷоратӣ ва барқарор намудани ҳамкорӣ гирди ҳам меорад. Бо ҳадафи пешбурд ва тарғиби лаззати беназири хушкмеваҳои Тоҷикистон гӯшаи ҷумҳурии мо мизбони меҳмонони сершуморе буд, ки барои чашидани таъми табиӣ ва нодири маҳсулоти мо омада буданд.
Намояндаи ширкати «Исфара Фуд» Мӯъминҷон Маҳмадҷонов мегӯяд, ки «иштирок дар ин намоишгоҳ имкони хубе аст, то мо бо харидорони бештар робитаи мустақим барқарор намуда, фарогирии бозори худро тавсеа бахшем, бренди ширкатҳои худро ба бозорҳои берунӣ муаррифӣ намоем, бо тамоюлҳои наву талаботи бозор шинос шавем ва аз навгониҳо огоҳ гардем».
Дар ин намоишгоҳ ширкатҳои Тоҷикистон, ҳамчунин, дар мизҳои мудаввар, машварату ҳамоишҳои тиҷоратӣ иштирок карда, доир ба равандҳои нави тиҷорат маълумоти муфид пайдо намуданд.
Бо иштирок дар ин намоишгоҳ ширкатҳои Тоҷикистон на танҳо имконияти нави содироти маҳсулот пайдо намуданд, балки барои шиносоӣ бо таъми нодири хушкмеваҳо ва меваҷоти гуногуни мамлакат меҳмононро ба Тоҷикистон даъват карданд. Ин чорабинӣ ҳамчун пул роҳи соҳибкорони тоҷикро ба саноати ҷаҳонии хӯрокворӣ наздиктар менамояд.
Намоишгоҳи бонуфузи «Gulfood» то 21 феврал идома дошт.
Ф. АБДУЛҲАКИМОВА,
«Садои мардум»