Аз нишастҳои матбуотӣ

Пажӯҳиши ҷашнҳои миллӣ беҳбудӣ мехоҳад

№26 (4922) 26.02.2025

7Ба сохтори Комиссияи олии аттес­татсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 воҳиди нави корӣ илова гардид. Дар ин замина, 4 шуъба ва 3 бахш таъсис ёфта, имкон фароҳам шуд, ки фаъолият ба марҳилаи сифатан нав ворид гардад. Дар ин бобат зимни нишас­ти матбуотӣ раиси комиссияи мазкур Сайфиддин Давлатзода иттилоъ дод.

Маълум гардид, ки соли 2024 бо мақсади мусоид намудани вазъ дар соҳа самтҳои санъат ва варзиш барҳам дода шуд ва дар заминаи шуроҳои экспертии илмҳои таърих, мардумшиносӣ, бостоншиносӣ шурои таърих, фарҳангшиносӣ ва санъат таъсис ёфтанд. Зикр шуд, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ 19 шурои диссертатсионии Комиссияи олии аттестатсионии назди Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия аз рӯйи 46 ихтисос фаъолият доранд.

Дар қиёс ба соли 2023 рисолаҳои илмӣ 445 адад зиёд тасдиқ шудааст. Ин масъаларо шарҳ дода Сайфиддин Давлатзода гуфт, ки дар давраи мавриди назар 688 парванда тасдиқ шудааст, ки аз ин теъдод 62 парванда барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм, 533 парванда барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва 93 парванда барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) — доктор аз рӯйи ихтисос мебошанд. Алҳол дар ҷумҳурӣ 6250 нафар дорои дараҷаи илмӣ буда, 950 доктори илм, 5088 номзади илм ва 212 доктори фалсафа (PhD) мебошанд.

Иттилоъ гирифтем, ки аз ибтидои фаъолият ба комиссия 1182 дархост, аз ҷумла 130 дархост барои дарёфти унвони илмии профессор ва 1052 дархост барои дарёфти унвони илмии дотсент, ворид шудааст.

Корманди рӯзнома дар бобати аз назари муҳаққиқон то андозае дур мондани ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Сада, Тиргон ва Меҳргон, савол мат­раҳ намуд. Сайфиддин Давлатзода эътироф кард, ки ин ҷашнҳо таври густурда дар доираи рисолаҳои илмӣ мавриди таҳқиқ қарор нагирифтаанд. Таъкид гардид, ки бо назардошти омилҳои марбут ба ҷаҳонишавӣ пажӯҳиши онҳо беҳбудиро тақозо дорад.

Д. АБДУЛЛО,

«Садои мардум»