Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе ба хатмкунандагон дипломи байналмилалӣ медиҳад, ки он аз тарафи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, ба монанди Фаронса, Британияи Кабир, Австралия ва Амрико, эътироф мегардад. Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ ректори филиали мазкур Зайниддин Мухторов зикр кард.
Бино ба гуфти ӯ, шурӯъ аз соли таҳсили 2023-2024 ба зинаи бакалаври филиал 25 нафар ва магистратура 16 нафар донишҷӯ қабул шуданд.
Филиал дар соли таҳсили 2024 барои таъсиси ихтисосҳои ба талаботи замон мувофиқ, аз ҷумла «Менеҷменти бизнес ва молия», «Менеҷменти маркетинг», «Киберамният», «Технологияи иттилоотӣ», «Мудирияти туризми байналмилалӣ», аз Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби иҷозатнома гардидааст.
Иттилоъ гирифтем, ки аз ҳисоби донишҷӯёни соли аввали таҳсили зинаи бакалавр 13 нафар бо дастгирии молиявии ҶДММ «Авесто Гурӯҳ», Иттиҳоди корхонаи хусусии «Коиноти нав», ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» ва ҶСП «Тсеll» ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ин донишҷӯён пас аз хатм дар корхонаҳои мазкур ба кор ҷалб мешаванд.
М. СОЛИҲЗОДА,
«Садои мардум»