Аз нишастҳои матбуотӣ

Муъминобод. Ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ аз 1,3 млрд. сомонӣ гузашт

№26 (4922) 26.02.2025

5Соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама бахшҳои хоҷагидории ноҳияи Муъминобод ба 1 млрд. 309 миллиону 215 ҳазору 200 сомонӣ расонида шуд, ки ин нисбат ба соли 2023-юм 107 миллиону 515 ҳазору 200 сомонӣ зиёд буда, 108,9 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Муъминобод Сайвалӣ Амирзода хабар дод.

Ҳамчунин, изҳор гардид, ки кишоварзони ноҳия соли сипаришуда дар майдони 10 ҳазору 919 гектар ғалладона, зироати техникӣ — 933, картошка — 987, сабзавот — 713 ва дар майдони 193 гектар полезӣ кишт намуда, дар майдони 6889 гектар кишти тирамоҳӣ анҷом доданд.

Алҳол дар ноҳия 3064 гектар боғ ва 590 гектар токзор мавҷуд буда, дар давраи ҳисоботӣ 14 ҳазору 152 тонна мева ва 4 ҳазору 92 тонна ангур истеҳсол шудааст.

Гуфта шуд, ки соли 2024 аз мавзеъҳои сайёҳии ноҳия, махсусан Чилдухтарон, 110 ҳазору 334 нафар сайёҳон дидан намуданд, ки 2831 нафарашонро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳанд.

Соли 2024 аз ҳисоби соҳибкорон дар болои сойи Хоҷаҳақиқи ноҳия пули мошингузар ба дарозии 20 ва паҳноии 8 метр сохта мавриди истифода қарор дода шуд. Инчунин, дар шаҳраки Чорсӯ, деҳаҳои Чашмасорон, Деҳибаланд, Боғгаӣ, Тутиён ва деҳоти Чилдухтарон, дар маҷмуъ, 86,4 км роҳҳои маҳаллӣ ба маблағи 2 миллиону 748 ҳазор сомонӣ таъмиру сангфарш гардиданд.

И. РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»