Аз нишастҳои матбуотӣ

Ваҳдат. 10 корхонаи нав ифтитоҳ шуд

№26 (4922) 26.02.2025

4Дар нишасти матбуотӣ раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода изҳор дошт, ки бо мақсади иҷрои ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати кишвар чораю тадбирҳои зарурӣ андешида шуд, ки дар натиҷа ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 2023 ба андозаи 15,4 фоиз ё ба маблағи 192,5 миллион сомонӣ зиёд гардида, дар маҷмуъ, 1 миллиарду 444 миллион сомониро ташкил додааст.

Дар ин давра дар ҳудуди шаҳр 10 корхонаю коргоҳи саноатии истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, мебел, маҳлули шустушӯӣ, ячейкаҳо барои тухм ва зарф­ҳои пластикӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд.

Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории шаҳр ба маблағи 627 миллиону 273 ҳазор сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 33 миллиону 357 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар нишаст намояндагони воситаҳои ахбори омма перомуни дастовардҳои истеҳсолию иқтисодӣ, сохтмони иншоот, танбашавии нақлиёт дар роҳҳои маркази шаҳр, бенизомӣ дар нақлиёти мусофиркашонӣ, мушкилиҳо дар таъмини барқ ва оби ошомиданӣ суолҳо пешниҳод карданд. Раиси шаҳр барои дар кӯтоҳтарин муҳлат бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулон супоришҳои қатъӣ дод.

З. МУҲАММАД,

«Садои мардум»