Суҳбати телефонӣ

№26 (4922) 26.02.2025

1Стандарти Садои мардум Путин

24-уми феврали соли 2025 бо ташаббуси ҷониби Россия суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин сурат гирифт.

Сарони ҳар ду давлат ҷараёни иҷрои тавофуқҳоеро, ки дар пайи сафари Президенти Тоҷикистон ба Россия 24-уми декабри соли 2024 ҳосил шуда буд, дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, энергетикӣ, амниятӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ баррасӣ намуданд.

Ҳамчунин, вазъ ва дурнамои равобити байнидавлатии ҳар ду кишвар, ки ба принсипҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ асос ёфтааст, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин замина, сарони давлатҳо механизми муқарраршудаи ҳамкориҳои сохторҳои дахлдори ҷонибҳоро барои ҳалли вазифаҳои гузошташуда, аз ҷумла дар доираи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, таъкид карданд.

Ҷонибҳо доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ низ табодули афкор намуданд.

Суҳбат дар фазои анъанавии дӯстона ва гарму самимӣ ҷараён гирифт.

www.prezident.tj