Интихоботи вакилони халқ – 2025

Интихоби номзадҳои арзанда бо руҳияи идона ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ

№28 (4924) 03.03.2025

fw8Tktp_PeRb_vZfGT1-ECJ6n_hFL2PLСубҳи барвақти 2-юми марти соли равон дар ҳамаи участкаҳои интихоботии ҳудуди ҳавзаи якмандатаи интихоботии Фирдавсӣ №1 интихоби вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсӣ ба садо додани Суруди Миллӣ оғоз ёфт. Сокинони ноҳия бо дарки масъулияти баланд ба хотири рушду ободии фардои саодатманди мамлакат ба участкаҳои интихоботӣ ҳозир шуда, ба ҷонибдории номзадҳои арзанда ва ҳизбҳои сиёсӣ раъй медоданд.

Котиби комиссияи ҳавза Раҳима Амонуллозода иброз намуд, ки дар ҳавзаи интихоботии мазкур 62 участка, аз ҷумла 58 участкаи ноҳиявӣ ва 4 участкаи пӯшида, фаъолият мекунад. Дар давраи омодагӣ ба интихобот бо иштироки раисон, котибон ва аъзои комиссияҳои интихоботӣ 3 семинар, аз ҷумла 1 семинар бо намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ гузаронида шуд. Инчунин, дар ҳар як участкаи интихоботӣ бо номзад ба вакилон вохӯриҳо баргузор гардиданд.

Дар участкаи интихоботии №5-и ҳавза корҳои омодагӣ ба интихобот дар сатҳи баланд гузаронида шуд. Натиҷаи сатҳи баланди омодагӣ аз фаъол будани интихобкунандагон ва руҳияи баланди онҳо маълум буд. Ризокорон ҳанӯз аз саҳни бинои «Тоҷикстандарт», ки участкаи интихоботӣ дар он воқеъ буд, интихобкунандагонро пешвоз гирифта, мувофиқи рақами даъватномаашон ба назди масъулони комиссияи интихоботӣ роҳнамоӣ мекарданд. Барои онҳое, ки бо кӯдакони хурдсол меомаданд, «Хонаи модару кӯдак» бо шароити мусоид дар ихтиёрашон гузошта шуда буд. Инчунин, дар ҳуҷраи тиббӣ хоҳарони шафқат бо дорую давоҳои зарурӣ омодаи хизмат буданд. Ба шаҳрвандоне, ки бори аввал овоз медоданд, гулдастаҳои тару тоза тақдим карда шуд.

Раиси участкаи интихоботии мазкур Суҳроб Шерализода бо қаноатмандӣ аз иштироки фаъолонаи интихобкунандагон изҳор дошт, ки «мо тамоми имкониятҳоро истифода бурдем, то ки интихобот шаффоф ва бе ягон вайронкунии қонунҳои амалкунанда ҷараён бигирад».

Як гурӯҳ нозирони байналмилалӣ аз ИДМ бо роҳбарии Елена Румянтсева ба участкаи интихоботии №5 ташриф оварда, бо хушҳолӣ изҳор намуданд, ки интихобот дар ин ҷо бо руҳияи идона гузашта истодааст.

- Меҳри иштирок кардан дар интихобот аз кӯдакӣ дар дилам ҷой гирифтааст. Ман дар ноҳияи дурдаст мезистам ва рӯзи интихобот либоси нав пӯшида, бо як шавқи беандоза ҳамроҳи волидонам ба интихобот мерафтам. Имрӯз дар участкаи интихоботии №5 масъулон бо як маданияти баланд интихобкунандагонро истиқбол намуда, дар муддати кӯтоҳ ба қайд гирифтанд ва мо барои ояндаи дурахшону саодатманди мамлакат ба ҳизбу номзадҳои арзанда овоз додем. Ман ба ҳамаи вакилони интихобшуда барору комёбиҳо хоҳонам. Таманнои онро дорам, ки Тоҷикистон гулгулшукуфон ва мардуми кишвар доимо тинҷу осуда бошад, — иброз намуд Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Саодат Азизова.

Нависанда Равшани Махсумзод изҳор дошт, ки «интихобот маъракаи муҳими сиёсӣ ба шумор меравад. Шаҳрвандон бо ширкат варзидан дар интихобот дар интихоби номзадҳои арзанда ва ҳамзамон, қабули қарорҳои муҳим барои ояндаи кишвар саҳм мегузоранд. Вақте мо вакилони шоистаро интихоб мекунем, онҳо қонуну қарорҳоеро қабул мекунанд, ки ба нафъи ҷомеа бошанд. Аз ин рӯ, бояд ҳар шаҳрванди кишвар ҷиҳати иштирок дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ масъулияти баланд эҳсос кунад. Ҳар касе, ки дар интихобот ширкат меварзад, ҳам ба нафъи худаш ва ҳам барои ояндаи неки ҷумҳурӣ нақш мегузорад».

Ҳамин гуна руҳияи баланди интихобкунандагонро, инчунин, дар участкаҳои интихоботии №№3, 4 ва дигар участкаҳои интихоботии ҳавзаи якмандатии интихоботии Фирдавсӣ №1 мушоҳида намудем.

Дар маҷмуъ, сокинони ноҳияи Фирдавсӣ дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ иштирок намуда, ба ҷонибдории ҳизб ва номзадҳои арзандаашон овоз доданд.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»

***** 

Дуюми марти соли равон дар 68 участкаи интихоботии ҳавзаи ҳудудии якмандатаи интихоботии Сино №4 фазои идона ҳукмфармо буд. Сокинон бо табъи болида ба участкаҳои интихоботӣ ворид шуда, ба ҳизб ва номзади арзанда овоз медоданд. Садои мусиқӣ ва сурудҳои ватандӯстона саҳни участкаҳои интихоботиро ба идгоҳ табдил дода буд.

Бино ба гуфти раиси ҳавза Муҳибулло Зувайдуллозода, дар ҳавзаи интихоботии мазкур 150068 нафар интихобкунанда ба қайд гирифта шудааст, ки 5863 нафари онҳо бори аввал дар чунин маъракаи сиёсӣ иштирок мекунад. Номбурда иттилоъ дод, ки то соати 12 аллакай 81 ҳазор нафар ба участкаҳои интихоботӣ омада, ба ҳизб ва номзади арзанда овоз доданд, ки 54 дарсадро ташкил медиҳад.

Ҳангоме, ки мо дар участкаҳои интихоботии ҳавзаи мазкур ҳузур доштем, наздик ба нисфи интихобкунандагон, масалан, то соати 12 аллакай 45,3 дарсади интихобкунандагони участкаи интихоботии №20, участкаи интихоботии №19 – 38, участкаи интихоботии №13 – 37 ва участкаи интихоботии №12-ум 36,5 дарсад овоз дода буданд.

Тавре аз суҳбат бо масъулини участкаҳои интихоботӣ ва мушоҳидаи инфиродӣ маълум шуд, барои дар сатҳи баланд баргузор шудани интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ тадбирандешиҳои зиёд сурат гирифта, ҳавзаҳо ва участкаҳои интихоботӣ бо шароити лозима таъмин шуданд. Аз ҷумла, ташкили қуттиҳои сайёр барои овоз додани нафароне, ки ба участкаи интихоботӣ омада наметавонанд, хонаи модару кӯдак ва дигар шароити лозима имкон фароҳам овард, ки шаҳрвандон бо руҳияи болида дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок намуданд.

Ш. АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»

**** 

Бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи мамлакат 2 юми март сокинони шарафманди вилояти Хатлон дар қатори дигар шаҳрвандони Тоҷикистони азиз бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ  аз субҳи барвақт ба участкаҳои интихоботии маҳалли зист ҳозир шуда, дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ фаъолона иштирок намуданд.

Тибқи иттилои масъулон, интихобот дар фазои озоду шаффоф ва риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон сурат гирифта, сокинон бо як дилгармӣ дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок намуданд.

Бино ба иттилои раиси комиссияи вилоятӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Қурбоналӣ Қурбонзода, то соати 1600 аллакай 79,2 фоизи интихобкунандаҳои ҳудуди вилоят раъйи хешро доданд.

«Дар 69 ҳавзаи интихоботӣ 207 нафар ҳамчун номзад ба вакилӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз инҳо 57 нафарашон зан мебошанд. Номзадии 80 кас бо баргузории конференсияҳои ҳизбӣ ва аз 128 нафари дигар ба тариқи худпешбар муайян шуда буд», — афзуд ӯ.

Номбурда, ҳамчунин, гуфт, ки дар ҳудуди вилоят 14 ҳавзаи якмандатӣ, 69 ҳавзаи вилоятӣ, 944 ҳавзаи шаҳрию ноҳиявӣ, 3884 ҳавзаи ҷамоатҳо ва 1114 участкаи интихоботӣ ба қайд гирифта шуда, дар онҳо овоздиҳии интихобкунандагон дар сатҳи хуб баргузор гардид.

Шумораи умумии интихобкунандагон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 1 миллиону 837 ҳазору 442 нафар ҳисоб шудааст, ки аз ин шумора 80 ҳазори  онҳо бори аввал овоз медиҳанд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид  ба участкаи интихоботии №1-и шаҳри Бохтар, воқеъ дар бинои Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов, ташриф оварда, ба ҷонибдории ҳизб ва номзади арзанда овоз дод.

С. СУЛТОНОВ,

Садои мардум»

*****

DSC_1663Дар участкаҳои овоздиҳии ҳавзаи интихоботии Ҳисор №7 маъракаи интихоби вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ муташаккилона, шаффоф ва бо руҳияи баланди идона сурат гирифт. Мардум бо руҳбаландии том бо назардошти манфиатҳои умумимиллӣ масъулиятшиносона ба номзадҳои арзанда овоз доданд.

Тавре раиси ҳавза Илҳомиддин Буриев иброз дошт, дар 105 участкаи интихоботии шаҳри Ҳисор бо фарогирии 153 378 интихобкунанда интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар сатҳи баланд, бо риояи талаботи қонунгузорӣ, шаффоф ва демократӣ ҷараён гирифт.

Аз мушоҳидаҳо дар участкаҳои интихоботии №№10, 11, 12, 13, 14, 15, 18, 19, 25-и шаҳри Ҳисор бармеомад, ки комиссияҳои интихоботӣ барои муташаккилона ҷараён гирифтани интихобот корҳои тарғиботиро хуб ба роҳ мондаанд. Чунки дар онҳо маъракаи овоздиҳӣ хеле бонизом сурат гирифт.

Аъзои комиссияҳои участкаҳои интихоботӣ онҳоеро, ки бори аввал ҳуқуқи овоздиҳӣ пайдо карда буданд, бо гулҳои тару тоза пешвоз гирифта, ба онҳо китобҳои бадеӣ аз ашъори классикони тоҷик туҳфа намуданд ва сипас ҳуқуқҳояшонро фаҳмониданд.

То соати 18-и бегоҳӣ дар участкаҳои зикршуда то 90 фоизи интихобкунандагон мавқеи худро муайян намуданд.

М. ЗОКИР,

«Садои мардум»