Интихоботи вакилони халқ – 2025

Натиҷаҳои пешакӣ эълон шуд

№28 (4924) 03.03.2025

IMG_20250303_095701Сеюми марти соли 2025 дар шаҳри Душанбе Комиcсияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки 2 март баргузор гардид, эълон намуд.

Тавре раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода дар брифинг бо иштироки намояндагони ҳизбҳо, мушоҳидони байналмилалӣ ва воситаҳои ахбори омма изҳор дошт, дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихоботӣ аз рӯи рӯйхати ҳизбҳои сиёсӣ ба тарафдории Ҳизби аграрии Тоҷикистон 986 ҳазору 887 нафар ё 21 фоиз, ба тарафдории Ҳизби демократи Тоҷикистон 237 ҳазору 563 нафар ё 5,1 фоиз, ба тарафтории Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон 595 ҳазору 281 нафар ё 12,7 фоиз, ба тарафдории Ҳизби коммунистии Тоҷикистон 89 ҳазору 738 нафар ё 1,9 фоиз, ба тарафдории Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон 248 ҳазору 64 нафар ё 5,3 фоиз ва ба тарафдории Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 2 миллиону 435 ҳазору 541 нафар ё 51,9 фоиз овоз додаанд.

Шумораи интихобкунандагоне, ки ба муқобили рӯйхати ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ овоз додаанд, 50 ҳазору 895 нафар ё 1,1 фоизро ташкил медиҳад.

Тибқи муқаррароти қонунгузории Тоҷикистон дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намуд, ки ҳизбҳои сиёсие, ки ба тарафдории онҳо 5 фоиз ва зиёда аз он интихобкунандагони дар интихобот иштирокнамуда овоз додаанд, миқдори зерини мандати вакилиро соҳиб шуданд:

Ҳизби аграрии Тоҷикистон — 5 мандати вакилӣ, Ҳизби демократи Тоҷикистон — 1 мандати вакилӣ, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикис­тон — 3 мандати вакилӣ, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон — 1 мандати вакилӣ ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикис­тон — 12 мандати вакилӣ.

Иттилоъ дода шуд, ки дар маҷмуъ, 4 миллиону 712 ҳазору 967 нафар интихобкунандагон дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок намуданд, ки 85,3 фоизи шумораи умумии интихобкунандагонро ташкил медиҳад.

Бино ба гуфти Бахтиёр Худоёрзода, дар натиҷаи интихоботи баргузоргардида аз ҳизбҳои сиёсии дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирокнамуда аз рӯйхати номзадҳо ва ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ, дар маҷмуъ, намояндагони шаш ҳизби сиёсӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

Зикр гардид, ки интихобот ошкорою шаффоф, ба таври озод ва дар асоси алтернативӣ баргузор гардида, дар он аксари интихобкунандагон бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ иштирок намуданд.

«Садои мардум»