Сеюми марти соли 2025 дар шаҳри Душанбе баъди эълони натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки мушоҳидони байналмилалӣ аз Созмони ҳамкории Шанхай нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Муовини Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Пиао Янфан иброз намуд, ки Созмони ҳамкории Шанхай бо даъвати Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 март дар мониторинги байналмилалии омодагӣ ва баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.
«Даъвати мушоҳидони байналмилалӣ хоҳиши роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини ошкорбаёнӣ, шаффофият ва демократия дар интихоботи парлумонӣ мебошад. Он, ҳамчунин, ба назар гирифтани андешаҳои нозирони байналмилалиро барои такмили минбаъдаи раванди интихобот ифода менамояд», — таъкид намуд Пиао Янфан.
Иброз гардид, ки намояндагии созмон 18 мушоҳидро аз 7 кишвари аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, аз ҷумла намояндагони ботаҷрибаи мақомоти қонунгузор, иҷроия ва интихоботии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, кормандони дипломатии сафоратхонаҳо дар Душанбе, инчунин, кормандони Котиботи Созмони ҳамкории Шанхайро аккредитатсия намудааст.
Ҳайат фаъолияти баланди шаҳрвандии интихобкунандагон ва маҳорати касбии кормандони комиссияҳои участкавии интихоботро дар ташкил ва гузаронидани овоздиҳӣ таъкид намуданд.
Бо мақсади ба даст овардани манзараи мукаммали ҷараёни интихобот дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои ҳайат дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Турсунзода, Норак ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мушоҳидаҳо гузарониданд.
Дар рӯзи овоздиҳӣ ва қабл аз он аъзои ҳайат ба 116 участкаи интихоботӣ рафтанд.
«Аъзои комиссияҳои участкавии интихоботӣ барои овоздиҳӣ ва риояи принсипҳои холисона тамоми шароити заруриро фароҳам овардаанд. Онҳо бо интихобкунандагон ва нозирон бо камоли кордонӣ ва меҳрубонона муошират карда, сари вақт масъалаҳои бамиёномадаро тавзеҳ доданд. Кори онҳо нисбат ба интихобкунандагон, намояндагони ҷомеа, нозирони байналмилалӣ ва рӯзноманигорон бодиққат, хушмуомила ва бо эҳтиром буд», — гуфт Пиао Янфан.
Ҳайати намояндагон фаъолияти баланди занону ҷавононро дар рӯзи овоздиҳӣ бо қаноатмандӣ иброз менамоянд. Ба ҷавононе, ки бори аввал овоз доданд, туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.
Муовини Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Пиао Янфан гуфт, ки дар участкаҳои интихоботӣ овоздиҳӣ дар вазъияти орому муташаккилона ва бо риояи тамоми тартиботи муқарраршуда гузашт.
«Ҳайат ягон нақзи қонунгузории миллиро, ки метавонад қонунӣ будани интихоботро зери шубҳа барад ё ба натиҷаҳои онҳо таъсир расонад, сабт накарданд», — таъкид кард Пиао Янфан.
Ҳайат интихоботи гузаштаро шаффоф, боэътимод ва демократӣ эътироф менамоянд.
Ш. АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»