Бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони амрикоӣ дар Тоҷикистон ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар толори «Душанбе-Плаза» конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Дастовардҳо, проблемаҳо ва дурнамои инкишофи қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар конференсияи мазкур намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ, сафоратҳо, ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, олимони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Академияи ВКД Беларус, намояндагони адвокатура ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ иштирок доштанд. Ин чорабинӣ ба 5- солагии мавриди амал қарор доштани Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд.
Сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Маҷидзода Ҷӯрахон Зоир конференсияро кушода, зикр кард, ки ҳадафи баргузории ҳамоиш ин таҳлили масъалаҳои мураккаби мурофиаи ҷиноятӣ мебошад. Мавриди зикр аст, ки конференсияи мазкур баъди қабули Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал баргузор шуд.
Муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом изҳор дошт, ки дар самти таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароитро фароҳам овардааст. Таҳия ва қабули Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди арзанда дар самти мазкур маҳсуб меёбад.
Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллозода зикр кард, ки дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон арзиши олӣ эътироф шудааст. Бинобар ин, такмил додани қонунгузории марбут ба марҳилаҳои судӣ барои таъмини риояи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрванд мусоидат намуд.
Дар рафти баромад Нусратулло Абдуллозода моддаҳои 62 ва 109-уми Кодекси мазкурро мавриди муҳокима қарор дода, зикр кард, ки Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷдиди назарро тақозо менамояд.
Сипас, муовини якуми прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуқодир Муҳаммадиев доир ба ҳолатҳои мурофиаи ҷиноятӣ андешаҳои худро иброз кард. Директори филиали Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони амрикоӣ дар Тоҷикистон Дэвид Рубино зикр кард, ки бори аввал моддаҳои Кодекси мазкур мавриди баррасӣ қарор мегирад, ки ин иқдоми хуб ва саривақтӣ аст.
Сардори Раёсати Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ва назорати маводи нашъаовар Халифазода Муҳаммадризои Ниёз дар мавзӯи «Проблемаҳои муҳими риоя ва таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандон ҳангоми дастгиршавӣ ва расмиёти оптималии мазкур» баромад кард. Мавсуф зимни баромад дар масъалаҳои шахсони дастгиршуда, фаҳмонидани ҳуқуқ, муоинаи тиббӣ, таҳияи протокол оид ба дастгиршуда ва дигар масоили ҳуқуқӣ андешаронӣ намуд.
Намояндаи филиали Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони амрикоӣ дар Тоҷикистон Алишер Маҷидов дар мавзӯи «Проблемаҳои қонунгузорӣ ва мушкилоти амалӣ дар таъмини ҳуқуқ ба ҳимоя» муфассал баромад карда, доир ба зарурати ҳуқуқ ба ҳимоя, иштироки ҳатмии ҳимоятгар, ҳуқуқи суҳбат бо ҳифзшаванда, вақти кофӣ барои омодагӣ ба ҳимоя, сабабҳои рад кардани ҳимоятгар ва ғайра ибрози назар намуд.
Узви Коллегияҳои адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Саидов оид ба «Проблемаҳои муҳими таъмин ва амалисозии ҳуқуқҳои асосии мурофиавии иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятии судӣ» ва раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ Исрофил Бобоҷонов доир ба ҳолатҳои мурофиаи ҷиноятӣ баромад намуданд.
Мавзӯъҳои баррасишаванда аз ҷониби иштирокчиён бо мубоҳисаю музокира ва таклифу пешниҳодҳо тақвият ёфт.
Устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Зайниддин Искандаров доир ба фош намудани гунаҳкории шахс, чораҳои маҷбуркунии мурофиавӣ ва қобили қабул будани далелҳо изҳори андеша намуд.
Дар конференсия муовини сардори кафедраи тафтиши ҷиноятҳои факултети тафтишотӣ-ташхисии Академияи ВКД Ҷумҳурии Беларус номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Павел Владимирович Гридюшко, сардори кафедраи мурофиаи ҷиноятии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Нақиб Нозиров, дотсенти кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети №2-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, майори милитсия Рифат Юлдошев баромад карданд.
Дар рафти конференсия музокира ва мубоҳисаҳо баргузор гардида, олимон, мутахассисон ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалию ҷамъиятӣ фикру пешниҳодҳои ҷолиб иброз намуданд.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»