Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ дар деҳоти «Чорбоғ»-и ноҳияи Варзоб курси омӯзиши ҳунарҳои дастӣ барои занон ба роҳ монда шуд. Ғайр аз ин, дар ин ҷо курси дӯзандагӣ низ роҳандозӣ гардид, ки ду моҳ идома меёбад. Дар ҳар ду курси омӯзишӣ якҷо 40 нафар занону духтарони хонашин таҳсил хоҳанд кард.
Омӯзиши курсҳои мазкур аз ҷониби шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Варзоб якҷоя бо ташкилоти ҷамъиятии «Панҷаи ҳунари тоҷик» ҷиҳати беҳдошти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ташкил шуда, асосан ба он занону духтарони бешуғл ҷалб мешаванд. Онҳо имкон доранд дар ин ҷо рахтҳои хоб ва дигар намудҳои дӯзандагиро омода намоянд. Дар рафти кор диққати асосӣ ба сифати маҳсулоти истеҳсолшуда равона мегардад ва ҳамаи хароҷотаз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Панҷаи ҳунари тоҷик» пардохт карда мешавад.
Дар ноҳияи Варзоб, ки яке аз минтақаҳои туристию истироҳатии ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад, ташкили омӯзиши курсҳои ҳунарҳои дастӣ ва дӯзандагӣ барои занону духтарон аз манфиат холӣ нест. Зеро сайёҳони хориҷие, ки ба ин минтақа меоянд, имкон меёбанд аз маҳсулоти дастии бонувони ноҳия харидорӣ намоянд.
Бо фароҳам омадани шароит мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия мақсад дорад, ки курси омӯзиши қолинбофиро низ ташкил намояд.
Зикр кардан зарур аст, ки яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ эҳёи ҳунарҳои дастӣ ва ба касбомӯзӣ фаро гирифтани занону духтарони бешуғли ҷумҳурӣ, инчунин беҳдошти некуаҳволии мардум мебошад.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»