Аз маркази матбуоти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи чорум дар мавзӯи «Ҳамкорӣ дар соҳаи гидрология ва муҳити зист дар ҳавзаи дарёи Панҷ — Ому миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон» баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа намояндагони Комиссияи иқтисодии Аврупоии СММ, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, вазоратҳои дахлдор ва Агентии ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон иштирок доштанд. Дар ҷаласа масъалаи мониторинги гидрологӣ ва ҳифзи муҳити зист, ҳолати кунунӣ ва дурнамои ин раванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, механизмҳои татбиқ ва ҳамкории дуҷониба баррасӣ гардид. Натиҷаи ниҳоии ҷаласаи мазкур ба имзо расидани Ёддошти тафоҳум оид ба табодули маълумоти обуҳавошиносӣ ва иттилооти вобаста ба қисмати болооби ҳавзаи дарёи Панҷ-Ому миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон маҳсуб меёбад.
Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»