Усули асосии муборизаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) истифода кардан аз авторитетҳои маънавии худ мебошад. Онҳо дар ҳар як баромад, мақола, мусоҳиба ва вохӯрии худ бо мардум аз номи Яздони пок суиистифода менамоянд. Дар илми сиёсатшиносӣ ин гуна суиистифодаро манипулятсия меноманд. Манипулятсияи эҳсос ва эътиқоди динии мардум дар наворҳои видеоии баромадҳои пешазинтихоботии Нурӣ, Кабирӣ ва дигар пешвоёни ҳизб сабт гардидааст. Охирин матлабе, ки мушовири раиси ҲНИТ ва узви Шӯрои сиёсии ҳизб Ҷалолиддини Маҳмуд дар мусоҳибааш бо Абдуқаюми Қаюмзод дар сомонаи Наҳзат нашр кардааст (Ҷ. Маҳмуд, «Зиёӣ ҳам мисли домулло ягон таърифи илмӣ надорад», 24.11.2014. www.nahzat.tj), аз номи Худо фаровон истифода бурда мешавад. Чунин усул хоси ягон демократия нест, дар ҳоле ки манипулятсия фақат дар ҷомеаи авторитарӣ (худкома) ба кор бурда мешавад.
Дар ҳоле ки истифодаи номи Худо, расул, ислом ва монанди инҳо нишонаи худкома будани ҲНИТ аст, ҳамин гуна баъзе шахсон ва ниҳодҳои ҳукуматӣ низ бо истифода аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон решаҳои худкомагиро дар ҷомеа амиқтар мекунанд. Дар сурате ки шахсони алоҳидаи Ҳукумат амалан кори созанда намекунанд, ба ҷои содиқона меҳнат кардан, бо истифода аз номи Президент на фақат мавқеъ ва манфиатҳои хусусии худро устувор месозанд, балки тамоми мушкилиҳои мавҷудаи ҷомеаро аз чашми Сардори давлат рӯйпӯш мекунанд. Онҳо дар зеҳни мардум чунин тасаввуроте паҳн мекунанд, ки масъулияти тамоми мушкилоти ҷомеа ва давлат ба дӯши Президент мебошад, гӯё ки худи онҳо ҳеҷ нақше дар ба вуҷуд омадан ва ё ҳал кардани мушкилот надоранд. Бо чунин зеҳнсозӣ расонаҳо ва матбуотро ба он водор мекунанд, ки дар бораи мушкилиҳо аслан чизе нагӯянд, бо вуҷуди он ки Президенти кишвар дар чандин суҳбатҳои худ ба ошкор кардани мушкилиҳои мавҷудаи ҷомеа ва ҳатто камбудиҳои фаъолияти ниҳодҳои ҳукуматӣ даъват кардааст. Гӯё ки ҳеҷ кас ӯро дар ин маврид намешунавад. Оё имкон дорад, ки дар ҷаҳон ҷомеае бидуни камбудию мушкилӣ вуҷуд дошта бошад? Ягон давлати дунё орӣ аз камбудию мушкилӣ нест. Барои мисол, қарзи хориҷии бойтарин кишвари дунё — ИМА аз ҳудуди 10 триллион доллар гузаштааст. Балки он давлатҳое фазилатманд ҳастанд, ки камбудию мушкилиҳои худро дида, санҷида ва рафъ карда метавонанд.
Худкомагӣ яке аз муҳимтарин хусусиятҳои муносибатҳои сиёсӣ дар ҷомеаҳое аст, ки камбудию мушкилиҳои худро дида наметавонанд. ҲНИТ намунаи олии худкомагӣ дар тамоми муносибатҳо мебошад. Дар мусоҳибаи худ Ҷ.Маҳмуд таъкид мекунад, ки рисолати наҳзатиҳо расонидани «дастуроти илоҳӣ» мебошад. Аз рӯи мантиқи авом, ки қиёси шаклӣ (фарқу монандӣ ҷустан аз рӯи нишонаҳои зоҳирӣ) аст, агар баҳо диҳем, чун «дастуроти илоҳӣ» мегӯем, ҳатман дар муқобил «дастуроти шайтонӣ» пеши назар меояд. Яъне, дар зеҳни шунаванда ва хонанда талқин карда мешавад, ки дар муқобили наҳзатиҳо дигарон «дастуроти шайтонӣ» паҳн мекунанд. Дар идома Ҷ.Маҳмуд на аз барномаҳои мушаххаси ҲНИТ, балки ба рисолати муллою домуллоҳо «дар пешгоҳи Худованди таборак ва таъоло» таъкид мекунад.
Барои бо истифода аз қиёси шартӣ нуфуз кардан ба зеҳни авом, дар идомаи суҳбати худ Ҷ.Маҳмуд амалҳои ҳукуматро баҳри дар зери назорат гирифтани фаъолияти имомхатибони масҷидҳо мисол меорад. Аз рӯи қиёси шаклӣ, ин амалҳо зидди «дастуроти илоҳӣ» мебошанд. Ба мушовири Наҳзат маълум бод, ки на фақат дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон фаъолияти дин танзим карда мешавад. Аз ҳама асосӣ, дини сиёсӣ аз доираи ҳукумат ва умуман ҳаёти дунявии мардум берун карда шудааст. Масалан, дар Олмон клерикализм аллакай дар асри XVIII аз майдони сиёсат берун карда шуда буд. Барои ба даст овардани ин муомила, ҳукуматдорони вақти Олмон розӣ шуданд, ки як қисми моликияти иқтисодӣ, аз он ҷумла қитъаҳои заминро ба рӯҳониён диҳанд, то дар иваз онҳо дар умури сиёсии давлат иштирок накунанд.
Моҳи сентябри соли ҷорӣ ба Олмон барои иштирок дар семинари илмӣ дар Донишгоҳи Бонн сафар доштам. Дар шаҳри Кёлн маросими интихоби архиепископ баргузор мешуд. Бисёр баҳси доманадор дар матбуот ва ҷамъият дар атрофи қудрати иқтисодии рӯҳониёни католикӣ мерафт. Аз авзои умумии ҷомеа фаҳмида мешуд ва бисёре аз донишмандони донишгоҳӣ низ изҳор медоштанд, ки дар асри XVIII ҳукумати Олмон иштибоҳ кард, ки ба рӯҳониён моликияти фаровони иқтисодӣ дода буд.
Истифодаи дин, эҳсос ва эътиқоди динии мардум дар сиёсат куллан раво нест. Ҷомеа ва Ҳукумати Тоҷикистон низ дар марҳилае қарор дорад, ки бояд диндоронро аз саҳнаи сиёсат берун кунад. Бигузор оппозитсияи ҳукумати мавҷуда қавӣ бошад, вале аз номи дину Худо манипулятсия накунад. Барои ба ин мақсад расидан бояд калимаи «ислом» аз номи ҲНИТ бардошта шавад.
Барои ба мақсадҳои сиёсии худ расидан намояндагони ҲНИТ на фақат аз номи Худо, расул, ислом ва ғайра истифода мебаранд, балки инчунин аз мафҳумҳое истифода мебаранд, ки дар замони муосир ва дар зеҳни авом маъруф ва муътабар ҳастанд, аз қабили демократия, озодӣ, баробарӣ ва монанди инҳо. Албатта, инҳо ормонҳои абадии башарият буданд ва мемонанд, вале ҳизбҳои сиёсӣ аз онҳо суиистифода мебаранд. Истифода аз ормонҳои башарӣ бо мақсади ба даст овардани манфиатҳои сиёсӣ спекулятсия номида мешавад. Дар фалсафа мактабҳои фалсафии Кант ва пайравони ӯро фалсафаи спекулятивӣ меноманд, чунки он мафҳумҳоеро истифода мебарад, ки дар воқеият вуҷуд надоранд ва бо роҳи таҷрибаи илмӣ исботнашавандаанд.
Он чӣ сиёсатмадорон ва рӯҳониёни мо аз демократия, озодӣ, инсондӯстӣ, пешрафт ва монанди инҳо истифода мебаранд, метавон чун сиёсати спекулятивӣ муайян кард. Воқеан дар кадом давра ва салтанати исломӣ демократия, озодӣ ва гуманизм мавҷуд буд, ки имрӯз пешвоёни наҳзатӣ аз онҳо мисол оваранд ва мавқеи худро дифоъ кунанд. Шояд демократия низоми идеалӣ нест ва ё ба воқеият табдил додани он аслан ғайриимкон аст, вале чун ин мафҳум дар муд ҳаст, исломиҳо низ аз номи он истифода мебаранд. Дар ҳоле ки аслан мафҳуми демократия дар марҷаоти исломӣ вуҷуд надорад. Балки марҷаоти маънавӣ ва сиёсии исломӣ ҳамеша диктотурӣ ва худкома буданд. Тафаккур ва зеҳни рӯҳониён ва наҳзатиёни тоҷик ҷомеаеро меписанданд, ки фақат ақида ва шахсиятҳои исломӣ ҳукмронӣ мекунанд. Дар ин гуна ҷамъият вуҷуди ақидаҳои гуногун ғайриимкон аст, аз ин рӯ, давлати исломӣ низ ҳамеша ба диктатура ва худкомагӣ меанҷомад. Мисолҳои давлати диктатурӣ ва худкомаи исломӣ Уммавиён…, Манғитиён… ва Давлати исломии Ироқу Шом мебошанд.
Аслан ягон давлати исломие, ки демократӣ бошад, дар таърих вуҷуд надошт ва имрӯз ҳам вуҷуд надорад. Инқилобҳое, ки дар кишварҳои арабии Ироқу Либия ва Сурия ба амал пайвастааст, бо дахолати абарқудратҳо сурат гирифтаанд, вагарна дар муқоиса ба кишварҳои дигари арабие чун Арабистони Саудӣ, Қатар, Қувайт ва ғайра демократитар ва иҷтимоитар буданд. Агар диктатура ва худкомагӣ омили асосии инқилоб мешуд, бояд, пеш аз ҳама, ин се давлати арабӣ ба ошӯб кашида мешуданд. Вале нашуданд. Чаро нашуд? Аз рӯи мантиқи Ҷ. Маҳмуд ба ин савол ҷавоб додан ғайримумкин аст.
Маҳдуд ва берун кардани дин аз умури дунявӣ ва давлатӣ, яъне аттестатсияи ниҳодҳои динӣ дуруст аст. Ба мушовири ҲНИТ маълум бод, ки на фақат пешвоёни динии масҷидҳо ва муассисаҳои динӣ, балки кормандони тамоми ниҳодҳои давлатӣ аз аттестатсияи давлатӣ мегузаранд. Ин чорабинӣ на фақат дар Тоҷикистон, балки дар тамоми кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ба роҳ монда шудааст. Аттестатсия ба хотири санҷидани дониш ва ихтисоснокии кормандон ва ҳамчунин, вафодории онҳо ба сохти конститутсионии давлати Тоҷикистон мебошад. Ба ҳама ошкор аст, ки намояндагони исломи сиёсӣ аксаран ба сохти конститутсионии давлат вафодор нестанд. Инро ҳодисаҳои солҳои ҷанги шаҳрвандӣ собит кардааст. Пайваста ёдрас ва ҳусни таваҷҷуҳ кардани пешвоёни ҲНИТ, аз он ҷумла Кабирӣ аз ҳаракатҳо ва барномаҳои инқилобӣ ва ҷиҳодие чун Ихвон- ул- муслимин ва Эрдуғон низ ба ин далолат мекунад.
Дигар самти инкишофи ҷаҳони муосир ихтисосишавӣ (спетсиализатсия) мебошад, ки дар он барои мулло ва ё домулло, на фақат дар умури сиёсӣ, балки барои ҳалли мушкилоти мардум низ ҷое намемонад. Дар гузашта мардум мушкилоти рӯзмарра, аз он ҷумла, беморони худро пеши муллоҳо, домуллоҳо, фолбинҳо, ҷодугарон, миёнаравону шоирони дарбор мебурданд. Инро сайёҳи венгерӣ Вамбери дар мавриди мардумони Осиёи Миёна тасвир мекунад. Ӯ дар роҳи Бухоро аз Теҳрон ба роҳҳои хатарноки биёбон мегузашт, ки пур аз авбошҳои турк буд. Барои зарурат маҷбур шуд, ки дар нақши дарвеш дарояд. Чун ба деҳаи туркманҳо ба ин тарафи Амударё расид, мардум ӯро ба сифати табиб қабул карданд ва маҷбуран аз ӯ дархости табобат мекарданд ва барои ин пардохт ҳам менамуданд. Дар Бухоро низ як тоифаи сафедпӯшҳо, яъне шайху хоҷаҳоро вомехӯрад, ки бо роҳи миёнаравӣ ва паҳнкунии хурофот аз мардум назр мегирифтанд. Инро сайёҳи дигари рус Логофет, донишмандони тоҷик чун Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ ва дигарон низ тавассути асарҳояшон тасдиқ кардаанд.
Замони чунин худфиребиҳо ва авомфиребиҳо гузаштааст. Мулло, домулло, эшон, тура ва фолбин дар ягон соҳаи илм ихтисос надоранд. Ҳатто онҳо дигар мутахассиси расму ойинҳо нестанд. Чунки расму ойинҳоро илмҳое чун мардумшиносӣ ва равоншиносӣ таҳқиқ мекунанд. Барои аз байн бурдани Иттиҳоди Шӯравӣ душманони он аз қудрати ба истилоҳ «эктрасенсҳо» ва албатта рӯҳониён истифода бурданд. Кашпировский дар Шабакаи якуми телевизиони Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамаро «гипноз» ва зеҳни онҳоро ба инқилобу растохез омода мекард. Дар гӯшаву канори ин абарқудрат ҳизбҳои динӣ, аз қабили Ҳизби наҳзат ба миён омаданд. Дар натиҷа, Иттиҳоди Шӯравӣ шикаст хӯрд. Аммо, вақте ки дар Иттиҳоди Аврупо фурӯпошии низоми молиявӣ ба амал омад, дар ҳамаи шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ ва матбуоти даврӣ фақат суҳбату машварат бо экспертҳои ихтисосӣ буд. Дар натиҷа, ин иттиҳод, ки даҳяки қудрати шӯравиро надорад, пойдор боқӣ монд.
Дар ду даҳаи охир тамоми шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ ва матбуоти даврии Тоҷикистон дар ихтиёри муллоҳо, домуллоҳо, эшонҳо, тураҳо, сӯфиҳо, сайидҳо ва ҳамин гуна «экспертҳо» мебошад, ки ба ҷуз насаб дигар донишу таҷрибаи давлатдории дунявӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ надоранд. Дар солҳои охир мутахассиси ҳама мушкилиҳо ва дарду бемориҳои мардуми одӣ ҳамин табақа шуд.
Ахиран, дар як маъракаи дӯсти худ ҳузур доштам, ки дар он ҷо мулло дар бораи ҳама чӣ мегуфт: пешгӯйии интернетии обу ҳаворо инкор мекард ва ҳукми муллоҳои Афғонистонро дуруст мегуфт, ки рӯзноманигореро барои пешбинӣ кардани панҷ соли ояндаи ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии Афғонистон ба қатл маҳкум кардаанд. Ин аст, мегуфт, ҷазои онҳое, ки мехоҳанд ба ҷойи Худо ояндаро пешгӯйӣ кунанд. Мулло ҳатто ба масъалаҳои гигиенаи муносибати зану мард низ дахолат мекард. Баҳси гигиенаи зану мард ба як мавзӯи дӯстдоштаи мавъизаҳои оташину обдори муллоҳо табдил ёфтааст. Рӯзе дар мусофирбари рақами 8 мерафтам, ки ронандаи он муддати 15 дақиқа мавъизаи ҷанги мулло бо занро мешунавонд, (мо дар афсонаҳои халқи тоҷик «ҷанги одам бо дев»- ро шунида будем, аммо дар ин фарҳанг «ҷанги мулло бо зан» падидаи нав аст. Охирин намунаи ин ҷанг таҳқирҳои муллобачаҳо ба шахсияти Гулнора Амиршоева буд). Дискеро, ки дар ин нақлиёти ҷамъиятӣ мешунидем, мулло ҳам ба зан ва ҳам ба шавҳараш таҳдид мекард, ки зино накунад, вагарна… Тоқатам тоқ шуд ва аз ронанда хостам, ки дискро хомӯш кунад ва ё ақаллан овози гӯшхарош ва таҳқиромезашро паст кунад, вале накард. Маҷбур шудам, ки ба ӯ гӯям, ки магар шарм намедорад, ки дар нисбати зану хоҳари худ чунин таҳқиру тавҳинро гӯш мекунад ва ба дигарон низ таҳмил месозад. Боз афзудам: Магар худат ягон мушкилие дорӣ? Эҳсос кардам, ки ақли инсонӣ ва ё шарми отифии ронанда ба кор даромад ва дискро хомӯш кард.
Аз Ҷ.Маҳмуд мехостам бипурсам, ки ӯ «эътибор ва нуфузи баланд» доштани муллову домуллоҳо гуфта, ҳамин гуна рафтори онҳоро дар назар дорад? Дар байни мардуми бесавод ва ҷоҳил ҳатман бесаводон ва ҷоҳилон эътибор ва нуфуз пайдо мекунанд. Ин аст воқеияти имрӯзаи Тоҷикистон. Барои ҳамин «Феълан мардум дар тамоми масоил ва умури динӣ ба ин ду манбаъ — «мулло» ва ё «домулло» муроҷиат мекунад».
Аз назари таснифоти илмҳо ва тахассусгардонии ҷомеаи муосир, мулло ва домулло наметавонанд коршинос ва роҳнамои соҳае бошанд. Онҳо ихтисосе ҳам надоранд ва чизеро ва ё қонунеро ҳам кашф накардаанд, ки доктори илм номида шаванд. Доктори илм дар соҳаи дин дар ҳеҷ куҷои дунё вуҷуд надорад ва агар вуҷуд дошта бошад ҳам, он илм нест. Диншиносӣ фанни таълимӣ аст, ки боз ҳам дар ҷомеаҳои пасошӯравӣ ба хотири махлут кардан ва билохира шикаст додани илмҳои дунявӣ дар бораи дин ба миён гузошта шуда буд. Мисле ки «Конфликтология» фанни таълимиест дар бораи конфликт, ки аз тарафи илмҳои гуногун омӯхта мешавад. Яъне, дин, конфликт, инсон, фарҳанг, ҷомеа, табиат ва монанди ин масъалаҳо предметҳои алоҳида ва мустақили омӯзиш нестанд. Дин, ба мисли конфликт (муноқиша), мавзӯи омӯзиши илмҳои равоншиносӣ, инсоншиносӣ, мардумшиносӣ, ҷомеашиносӣ ва ғайра буда метавонад. Дар фанни диншиносӣ, ки дар донишгоҳҳо дарс дода мешавад, дастовардҳои ин илмҳо ва методҳои таҳқиқи дин баррасӣ мешаванд. Барои мисол, табиат мавзӯи баҳси ҳам физика ва ҳам химия мебошад. Аммо физика равандҳои табииеро меомӯзад, ки дар байни ҷисмҳо, аз ситораҳою сайёраҳо сар карда, то атомҳо мегузаранд ва химия бошад, равандҳои табииро дар дохили як ҷисм, масалан дар дохили молекула ва ё ДНК меомӯзад.
Ҳамин гуна, муаллими фанни диншиносӣ ба донишҷӯён рӯйхати адабиёти илмӣ дар соҳаҳои фалсафа, равоншиносӣ, инсоншиносӣ, ҷомеашиносӣ ва монанди инҳоро пешкаш мекунад. Чунки ягон олим наметавонад берун аз ин чорчӯбаҳои методологӣ нависад. Оне, ки динҳоро тавсиф мекунад, вале барои шинохтани онҳо маълумотҳои илмиро истифода мебарад, муаррихи дин номида мешавад. Оне, ки динҳоро дар заминаи консепсияҳои динӣ (масалан, консепсияҳои Худо, офариниш, инсони комил…) тавсиф мекунад ва дар мавриди онҳо назари танқидӣ надорад, аллакай олим нест, балки теолог аст.
Дар Олмон факултети теология аст, ки ба муфассирон ва тавсифгарони дини католикӣ унвони «Доктори теология» дода мешавад, аммо онҳо салоҳияти илмӣ надоранд. Балки маҳдуд ба хизмати калисои католикӣ мемонанд. Он чӣ Ҷ.Маҳмуд дар бораи «улуми динӣ» мегӯяд, монанд ба даъво ва амали баъзе кормандони Институти фалсафа аст, ки илми фалсафаро ба теология табдил додаанд.
Аз нуқтаи назари таснифоти илмҳо ва тахассусгардонии ҷомеаи муосир дар байни зиёӣ ва мулло аз замин то осмон фарқ ҳаст. Агар зиёӣ гуфта равшанфикр ва оянданигарро дар назар дошта бошем, мулло ва рӯҳонӣ зиёӣ ва равшанфикр нест. Барои ҳамин, равшанфикр дунявӣ буда метавонад, на динӣ. Барои равшан шудани матлаб чанд меъёре (критерияе)-ро меорем, ки фарқиятро дар байни равшанфикр ва дигарон муайян мекунад:
1) Равшанфикр тарафдори зиндагии дунявӣ мебошад. Аммо барои ҳамаи дигарон, махсусан муллою домулло, охират ҳақиқати бартар нисбат ба зиндагии дунявӣ дорад.
2) Равшанфикр зиндагии ҷисмонии инсонро ҳақиқати бартар аз тамоми дигар ҳақиқатҳо, медонад. Чунки аксари мардум ба ин ҳақиқатҳои дуюмдараҷа, масалан ба дин, бовар доранд ва маҷбурӣ онҳоро аз мардум гирифта намешавад. Аммо равшанфикр намегузорад, ки ин ҳақиқатҳои дуюмдараҷа ва маҷозӣ ҷои ҳақиқати бартарро бигиранд, яъне зиндагии дунявии инсонро ба хатар мувоҷеҳ кунанд. Аммо имрӯз мо шоҳид ҳастем, ки муллоҳо барои ақидаи динии худ одамонро мулҳиду кофир эълон мекунанд. Ҳукми мулҳиду кофир дар дин маънои инкор кардани зиндагии инсонро дорад. Мисоли маъруф ҷангҳои ҷиҳодӣ мебошад. Барои ҳамин мулло ва ҳар касе, ки ҳақиқатро аз зиндагии фардии инсон бартар мегузорад, зиёӣ ва равшанфикр нест.
3) Равшанфикр оянданигар мебошад, аммо мулло дар ҳеҷ сурат оянданигар нест. Ин ба усули маърифатшиносии фалсафа ва теология бармегардад. Равшанфикр ҷаҳонбинии илмӣ ва фалсафӣ дорад, вале мулло ва авом, баръакс, биниши теологӣ ба оянда доранд. Ояндаи мулло ва авом ба гузашта бармегардад, хатти ҳаракат ва инкишофи он доирашакл аст. Барои ҳамин, онҳо консепсияи «бозгашт ба асл»-ро тарғиб мекунанд. Аз ин нуқтаи назар, на фақат мулло ва авом, балки як қатор файласуфону олимон, ба монанди Афлотун ва Гегел низ теолог мебошанд. Онҳо фаталист (тақдирпараст) ҳастанд, чунки ба назари онҳо Худо пешакӣ нақшаи ояндаро кашидааст. Инсон иҷрокунандаи ин тарҳ аст. Аммо биниши равшанфикр тамоман дигар аст. Аз нуқтаи назари мулло, ӯ бидъаткор аст, чунки консепсияҳои теологии ҷавҳар, зот, судур, инсони комил, бозгашт ба асл ва ғайраро қабул надорад. Оянданигарӣ вижагии асосии равшанфикр аст. Барои сохтани оянда бо истифода аз ақли инсонӣ истифода мебарад, на аз дигар сарчашмаҳо.
Илми муосир зиёда аз 25 методи эмпирикӣ ва футурологиро коркард карда, барои сохтани оянда истифода мебарад (Ёрмаҳмад Ниёзӣ, «Моделҳо -методҳои дурнамои рушди ҷомеаҳо», Фараж № 45- 47, соли 2014).
4) Дигар хусусияти фарқкунандаи мулло аз равшанфикр ба масъалаи ҳувият марбут мебошад. Мулло ба ҳувияти дини худ (ислом, масеҳият, яҳудият, зардуштия ва ғайра) маҳдуд ва побанд аст. Ӯ мехоҳад тамоми мардумони ҷаҳонро дар чорчӯбаи дини худ бубинад. Намояндагони дигар дину мазҳабҳо ва пайравони мактабҳои фалсафиро аслан қабул надорад. Равшанфикр идеяи шаҳрвандиятро пешниҳод мекунад, ки бартар аз ҳама тааллуқиятҳои динию мазҳабӣ, қавмию нажодӣ ва ҷинсӣ мебошад. Шаҳрвандият инсонро ба ягон гурӯҳу табақа ҷудо намекунад, чунки зиндагии фардии инсонро арзиши бартар мебахшад.
5) Фарқияти дигари равшанфикр аз мулло дар мавқеи сиёсии онҳо мебошад. Равшанфикр ҳамеша мунаққиди сиёсӣ аст. Ӯ вобастагии ҳизбӣ надорад ва манфиати ягон ҳизби сиёсиро ҳимоя намекунад, балки забони гӯёи адолати иҷтимоӣ аст. Дар бораи мушкилоти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мардум менависад. Манфиатҳои шахсӣ ва дар ин роҳ амну осоиши худро низ сарфи назар мекунад. Муҳимтар аз ин, равшанфикр барои ошкор кардани мушкилиҳо аз усулҳои илмӣ истифода мебарад. Аввал таҳқиқ мекунад ва баъд баҳогузорӣ. Аммо мулло чунин мавқеъро ҳеҷ гоҳ надоштааст. Балки ӯ ҳамеша мавқеъ ва манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва ҳизбиашро ҳимоя мекунад. Барои ошкор кардани мушкилиҳои ҷомеа аз усулҳои илмӣ истифода намебарад, чунки мутахассис нест. Пайваста дар пайи омӯзиш нест, балки манфиатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ӯро ба сохтани ҳақиқатҳои маҷозӣ ва дурӯғин ҳидоят мекунанд. Ва ӯ авомро ҳидоят мекунад, аммо ба нокуҷо.
Ҳафиз Холиқзода, Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон