«Мову шумо ифтихор аз он дорем, ки дар қатори дигар бузургони миллат зодагони Бадахшон, аз қабили ходимони намоёни сиёсиву фарҳангӣ Шириншо Шотемур, Назаршо Додхудоев, Моёншо Назаршоев, Баҳодур Искандаров, Ғуломҳайдар Ғуломалиев, Мирсаид Миршакар, Акашариф Ҷӯраев, Абдулло Назрӣ, Раҳим Масов, Мӯъмин Қаноат, Гурминҷ Завқибеков ва бисёр дигарон номбардори миллати мо дар арсаи ҷаҳон гардида, бо кору фаъолияти ватанхоҳона ва асарҳои пурмазмуну баландғояашон чандин наслҳоро ба роҳи рост ҳидоят намудаанд».
Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳангоми кушодашавии Варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ, 19 июли соли 2008.
Дар таърихи инсоният шахсиятҳое ба камол мерасанд, ки онҳо бо рафтору фаъолияташон эътибори худро дар хотираи мардум абадӣ нигоҳ медоранд.
Яке аз чунин родмардон доктори илмҳои таърих, профессор Моёншо Назаршоев мебошад, ки барои ободии Ватан ва ояндаи дурахшони кишвари азизамон саҳм гузоштааст. Вақте ба ҳолнома, хотироту саргузашт ва асарҳои таҳқиқотии ин донишманд назар кардем, дар пеши назарамон мавсуф ҳамчун як марди фозил, бофарҳанг, ҳақиқатҷӯ ва ниҳоят ҷасур ҷилвагар гардид. Ин марди хирад ҳамсоли Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аст, ки зодрӯзаш ба таърихи 17 декабри соли 1929 рост меояд. Номбурда 43 соли ҳаёти пурбаракаташро барои рушду нумӯи илми тоҷик ва тарбияи зиёиёну ходимони илмӣ бахшидааст.
Фаъолияти омӯзгории шодравон М.Назаршоев дар Институти педагогии шаҳри Кӯлоб аз соли таҳсили 1953-1954 чун муаллими калони кафедраи марксизм-ленинизм оғоз меёбад. Моҳи сентябри соли 1953 раиси Комитети маҳаллии иттифоқи касабаи Институти педагогии шаҳри Кӯлоб ва аз моҳи августи соли 1954 котиби бюрои ҳизбии институт ва аъзои Комитети ҳизбии шаҳри Кӯлоб интихоб шуда, дар пешрафти донишкада ва мустаҳкамшавии сафҳои ташкилоти партиявии шаҳр саҳм гузоштааст. Яке аз хислатҳои беҳтаринаш дар он ифода меёфт, ки ӯ ашхоси дурӯғгӯй, дурӯя ва фиребгарро ниҳоят бад медид.
Аввали солҳои шастум доираи фаъолияти меҳнатии Моёншо Назаршоев васеъ мегардад. Соли 1960 ба сифати муаллими калони кафедраи таърихи партия ба Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин ба кор омада, соли 1961 ҳамчун котиби ташкилоти партиявӣ баҳри мустаҳкам намудани алоқаи илм бо истеҳсолот ва тайёр намудани кадрҳои болаёқат корҳои зиёдро анҷом додааст.
Қобилияти кордонию ташкилотчигии ин донишмандро ба инобат гирифта, моҳи декабри соли 1962 ӯро ба КМ Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ба кор даъват намуданд. Моҳи июни соли 1963 Пленуми ҲК Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон М. Назаршоевро котиби якум интихоб намуд. Ӯ пайваста миёни омма кор мебурд, аз вазъи зиндагии ҳар як оилаи шаҳру деҳот бохабар шуда меистод. Дар ҳолатҳои зарурӣ, вақте ки сухан дар мавриди беҳбудии рӯзгори меҳнаткашони вилоят мерафт, ӯ ба ваъдаҳои беохири роҳбарони вақт интизор нашуда, мустақим ба КМ ҲКИШ муроҷиат менамуд, то талаботи мардумро қонеъ гардонанд. Ҳамин буд, ки ӯ ду маротиба ҳамчун намояндаи халқ ба назди Раиси Совети Вазирони ИҶШС А.Н. Косигин рафт.
Баъдан, бо ташаббуси ӯ неругоҳҳои барқи обии ба номи В.И Ленин дар шаҳри Хоруғ, Оқсу дар ноҳияи Мурғоб, Шуҷанд дар Бартанг ва ғайра сохта шуданд. Давоми солҳои 1962 -1970 иқтидори энергетикии вилоят ду баробар зиёд гардид ва музди меҳнати сокинони вилоят низ аз 12 то 55 фоиз баланд бардошта шуд.
Ягона маркази илмии вилоят Боғи ботаникии шаҳри Хоруғ соли 1969 ба Институти биологии Помири АИ РСС Тоҷикистон табдил дода шуд, ки барои минбаъд инкишоф ёфтани тадқиқотҳои илмӣ заминаи мустаҳкам гузошт. Дар ин маркази илмӣ олимони зиёде ба воя расидаанд, ки дар комёбии онҳо нақши М.Назаршоев бузург аст.
М.Назаршоев аз соли 1963 то соли 1967 депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон, аз соли 1966 то соли 1970 депутати Совети Олии СССР буд. Ӯ борҳо аз минбари баланд дар бораи инкишофи хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ва вилоят баромад намудааст.
Лозим ба ёдоварист, ки дар солҳои карахтӣ ташаббускориҳои ӯ ба иззати нафси баъзе роҳбарони олимақоми ҷумҳурӣ расид, зеро чандин маротиба дар пленумҳои КМ ҲК Тоҷикистон вазирон, мудирони шуъбаҳои КМ ҲК ва Совети Вазирони ҷумҳуриро зери тозиёнаи танқид қарор дода буд.
Баъди аз вазифаи котиби якуми ҲК дар ВМКБ сабукдӯш шудан бо Котиби якуми КМ ҲК Тоҷикистон Ҷаббор Расулов вохӯрд. Ӯро ба вазифаҳои дигар тавсия доданд, аммо қабул накард.
-Ман ба донишгоҳ бармегардам, дотсенти қаторӣ шуда, шогирдонро ба камол мерасонам,- хулоса намуд мавсуф.
Ӯро ба вазифаи муовини ректор оид ба илми Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин таъин намуданд. Дар ин боргоҳи маърифат ӯ аз таҳти дил кор мекард ва ба таҳқиқоти илмӣ ҷиддӣ машғул буд.
Натиҷаи роҳбарии хуби ӯ буд, ки донишгоҳ хеле пеш рафта, баробари таълиму тарбия дар инкишофи илми ҷумҳурӣ саҳмгузор шуд. Саҳми муовини ректор оид ба илм М.Назаршоев дар тайёр намудани кадрҳо низ бузург аст. Дар замони роҳбарии ӯ 325 нафар ҷавонон соҳиби дараҷа ва унвони илмӣ гаштанд. Агар соли 1971 аз 680 нафар муаллимони донишгоҳ 281 нафар номзад ва 18 нафар доктори илм бошанд, пас дар соли таҳсили 1989-1990 теъдоди муаллимон ба 840 нафар расид, ки аз онҳо 500 нафарашон доктору номзади илм буданд.
Ҳангоми таъин шудани М.Назаршоев ба вазифаи муовини ректор дар донишгоҳ ҳамагӣ 57 кафедра мавҷуд буд. Дар солҳои роҳбарии ӯ шумораи онҳо ба 80 расид.
Натиҷаи ҳамин комёбиҳои бузурги илмӣ буд, ки соли 1987 дар қатори 126 донишгоҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин донишгоҳи пешбар эътироф гардид, ки дар ин саҳми муовини ректор оид ба илм М. Назаршоев бузург аст.
Соли 1962 ӯ соҳиби унвони номзади илми таърих гардид. Соли 1980 дар Шӯрои илмии Институти таърихи КМ ҲК Ӯзбекистон –филиали Институти марксизм-ленинизм дар назди КМ КПСС рисолаи докторӣ дифоъ намуда, соли 1982 соҳиби шаҳодатномаи профессори кафедраи «Таърихи КПСС» гашт.
Шогирдони нахустини ӯ имрӯз доктору номзади илм буда, дар тарбияи насли наврас ва кадрҳои илмӣ ҳиссаи худро мегузоранд. Аз ҷумла доктори илми фалсафа Абдулло Раҳимов, доктори илми иқтисодӣ Абдулло Орифов, номзадҳои илм Аҳмадҷон Шерназаров, Бобокалон Исоматов, Муртазо Қаҳҳоров, Музаффар Қаноатшоев ва дигарон аз қабили аввалин шогирдони устод Моёншо Назаршоев мебошанд. Таҳти роҳбарии бевоситаи ин шахси бузург 32 нафар рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ҳимоя намудаанд.
Ба қалами устоди зиндаёд 72 рисола, 166 кори илмӣ-методӣ ва зиёда аз 120 мақолаи илмӣ, илмӣ-методӣ ва тарғиботӣ тааллуқ доранд. Ӯ, пеш аз ҳама, муаррихи ҳақиқатнигор ва ҳақиқатгӯй буд. Ҳамин хислатҳои Моёншоҳ Назаршоевро ба назар гирифта, ҳамдиёронаш ӯро аз округи интихоботии Шуғнон, № 230 ба депутатии халқи РСС Тоҷикистон ҳамчун номзади арзанда пешбарӣ намуданд. Устод соли 1990 раиси Кумитаи илм, маориф ва сиёсати ҷавонони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.
Қобили тазаккур аст, ки Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои ин марди наҷибро дар назди халқу ҷомеа ба инобат гирифта, ӯро 2 феврали 1994 ба вазифаи муовини раиси Девони Вазирон таъин намуд. Вале, афсӯс, ӯ дар вазифаи нав натавонист, ки зиёд фаъолият кунад, бо дасти душманони миллат риштаи ҳаёти ин ходими барҷастаи давлатӣ моҳи марти соли 1994 канда шуд.
Устодони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ якумр сипосгузори чунин як арбоби ҳақиқатпарасти илму маорифи миллат буда, ифтихор доранд, ки замоне ин марди бузург дар ин боргоҳ фаъолият доштааст.
М.Х. Абдуллоев, доктори илмҳои таърих, профессори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб,
Х.Х. Сафаров, муаллими кафедраи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб