Харитаи содиротии маҳсулоти ватанӣ васеъ гардид

№ 11.02.2025

- Бо мақсади содироти саривақтии маҳсулоти ватанӣ байни КВД “Тоҷагропроэкспорт”-и Агентии содирот ва ширкатҳои ҳавопаймоии “Сомон Эйр”, “Ютеер”, “S7” ва “Ал-Ҷазира” санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расида, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкории судмандро дар соҳаи интиқоли молу маҳсулоти кишоварзию саноатӣ, аз ҷумла маҳсулоти тезвайроншаванда, тавассути ҳавопаймо ба хориҷи кишвар роҳандозӣ намоянд,- иброз дошт зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода.   

 Ҳамзамон, иттилоъ дода шуд, ки соли 2024 гардиши савдои хориҷӣ ба 8 955,0 млн. доллар расида, ба маблағи 56,7 млн. доллар маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм  8,6 млн. доллар афзоиш ёфтааст.

 Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкил намудани ҷойҳои алоҳидаи корӣ ва таъмини маоши хуби корӣ алъон бо ҷалби 200 нафар зани хонашин дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар мавсими ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла меваи тару тоза сафарбар карда шуданд.

Агентии содирот бо хоҷагидорон ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзии ватанӣ бо мақсади талаф наёфтани маҳсулоти тару тоза ва зиёд намудани ҳаҷми содироти меваи хушк пайваста корбарӣ намуда, дар натиҷа содироти хушкмеваро дар соли 2024 нисбат ба соли қаблӣ хеле зиёд намуд.

  Коркард ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ барои захира, нигоҳдорӣ, бандубаст, пешгирӣ аз талафёбӣ ва бо арзиши баланд содирот гардидани он бартарият дошта, дар натиҷаи тадбирҳои андешида харитаи содиротии кишварро васеъ ва гуногуншаклии маҳсулоти ватании ба содирот нигаронидашуда таъмин гардид,- афзуд Б. Сироҷиддинзода.

 Ш. ҲУСЕЙНЗОДА,

“Садои мардум”