Қоидавайронкунии молиявӣ ба маблағи 506,7 миллион муайян гардид

№ 12.02.2025

Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки соли 2024 Палатаи ҳисоб дар вазорату идораҳо, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 192 чорабинии аудиторӣ гузаронида, қоидавайронкуниҳои молиявиро ба маблағи 506,7 миллион сомонӣ муайян намуд, ки дар муқоиса ба соли қаблӣ 101,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Зикр гардид, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудию норасоиҳои молиявӣ ба вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳо ва марказҳои лоиҳаҳои сармоягузорӣ 47 хулоса ва номаи иттилоотӣ бо 1481 тавсияи судманд ирсол карда шуд. Дар натиҷаи баррасии  онҳо 80 қарору фармон қабул гардида, 382 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва моддӣ кашида шуданд. Аз сабаби роҳ додан ба камбудию норасоиҳои молиявӣ 38 нафар аз вазифаҳои ишғолнамудаашон озод гардидаанд.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»