«Сад ранги чакан» дар ноҳияи Рашт

№ 05.03.2025

 Дар ноҳияи Рашт бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, алалхусус чакану чакандӯзӣ, порадӯзӣ, атласу адрасбофӣ, муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик, тарбияи зебоипарастӣ даври ноҳиявии  фестивали «Сад ранги чакан» баргузор гардид.

Фестивал аз рӯйи номинатсияҳои «Намоиши либоси қадимаи чакан», «Намоиши либоси кӯдакона», «Намоиши либоси расмӣ» ва «Намоиши навъҳои гуногуни сӯзанидӯзӣ» доир шуд.

Дар қисмати охири чорабинӣ  аз тарафи ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия барномаи рангини консертӣ пешкаши иштирокчиёни фестивал гардонида шуд.

Дар хотима иштирокчиён бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Рашт сарфароз гардонида шуданд.

Д. МИРЗО,

«Садои мардум»